
Санаи 15-уми октябри соли 2025 бо ибтикори ҳайати профессорию омӯзгории кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки факултети корҳои кӯҳӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи донишҳои амалӣ, донишҷӯёни бахшҳои сеюм ва чаҳоруми ихтисоси 510201-03 – “Тоза кардани канданиҳои фоиданок” ба ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” сафар намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой иттилоъ дод.
Сафари омӯзишӣ таҳти роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷриба Исоева А.Т. ва Бадалов Ҷ.Н. баргузор гардид. Зимни боздид аз коргоҳ донишҷӯён аз наздик бо фаъолияти истеҳсолии корхона, марҳилаҳои асосии истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, инчунин таҷҳизоти муосири кӯҳкорӣ шинос шуданд.
Мутахассисони варзидаи ин коргоҳ ба донишҷӯён раванди технологӣ, усулҳои таъмин намудани бехатарии меҳнат дар муҳити истеҳсолӣ, қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи техникаҳои саноатиро муфассал шарҳ доданд. Донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки ба таври амалӣ равандҳои ғанигардонии канданиҳои фоиданок, коркарди маъдан ва идоракунии равандҳои истеҳсолиро мушоҳида намоянд.
Ин гуна сафарҳои омӯзишӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, то донишҳои назариявии дар раванди таълим гирифтаи худро бо таҷрибаи воқеии истеҳсолот пайваст намуда, ҷаҳонбинии касбии худро васеъ намоянд.
Ҳамзамон, чунин ташрифҳо муҳити ҳамкорӣ миёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва соҳаи истеҳсолиро таҳким мебахшанд.
Ҳайати профессорию омӯзгории кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки факултети корҳои кӯҳӣ иттилоъ дод, ки минбаъд низ ташкили чунин чорабиниҳоро идома дода, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи саноати кӯҳӣ талош меварзад.





и ещё 17
Поставить “Нравится”
Комментировать