Ин шабу рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои худро бо меҳру садоқат ва самимияти бародарӣ ба рӯи дӯстон боз намуд ва барои баргузории чорабиниву ҳамоишҳои баланди байналхалқӣ омода аст. Аввал меҳмони олимақом, ки ба ватани азизамон қадам ниҳод, Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин мебошад.
Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бегоҳии 8-уми октябри соли 2025 оғоз ёфта ва 9 октябр дар Қасри миллат бо маросими истиқболи расмӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфт, санаи муҳим ва таърихӣ дар равобити дуҷонибаи кишварҳо арзёбӣ мегардад. Чунин сафарҳо дар илми муносибатҳои байналмилалӣ на танҳо воситаи таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ мебошанд, балки ҳамчун рамзи эҳтиром ва эътимоди мутақобила мавқеи хос доранд.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дорои заминаи таърихӣ ва стратегӣ мебошанд. Русия аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳиссаи назарраси муомилоти савдои хориҷии кишварро ташкил медиҳад.
Дар мулоқотҳои сатҳи олӣ миёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин як қатор масъалаҳои калидӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва саноат, зиёд намудани сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Дар соҳаи маориф ва фарҳанг низ иқдомҳои нав пешбинӣ шуданд: зиёд кардани квотаҳо барои таҳсилоти донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии Русия, таъсиси мактабҳои нав бо забони русӣ ва марказҳои таълимӣ барои кӯдакони болаёқат.
Ин тавофуқот дар сурати татбиқи воқеӣ метавонанд ба рушди устувори Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи Русия дар минтақа мусоидат намоянд. Дар баробари ин, сафари давлатии муҳтарам Владимир Путин ва истиқболи расмии сатҳи олӣ таҳти роҳбарии Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми равшан медиҳад, ки равобити Тоҷикистону Русия бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории стратегӣ қарор дорад.
Хулоса, ин сафар на танҳо як маросими протоколӣ, балки як марҳалаи муҳим дар таърихи муносибатҳои ду кишвари дӯст ва шарики боэътимод мебошад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии худ муносибатҳои баробарҳуқуқ, судманд ва стратегиро бо Федератсияи Русия таҳким мебахшад ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин низ Тоҷикистонро ҳамчун ҳампаймони боэътимод дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунад. Муваффақияти ин ҳамкориҳо ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза санадҳои имзошуда ба таври амалӣ иҷро мешаванд ва чӣ гуна манфиатҳои миллӣ дар доираи онҳо таъмин мегарданд. Зеро тамоми созишномаву муоҳадаҳои байналмиллалӣ бар пояи манфиатҳои баробару бародарона баста мешаванд, то мақсадҳои муштарак дар доираи манфиатҳои бародарӣ амалӣ карда шаванд.
Раҳматов Абдумавлон
омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии донишкада