Имрӯз, гурӯҳи корӣ иборат аз муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори раёсати таълим Осими Оқил аз ҳолати омодабошӣ ба дарсҳо аз факултетҳои электромеханика, металлургия, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, корҳои кӯҳӣ дидан намуда, бо ҷараёни омодагӣ шинос шуданд.
Гурӯҳи корӣ аз ҷараёни тозагиву омодагии синфхонаҳои таълимӣ, ҷадвали дасрҳо, ҳолати техникӣ ва зимистонгузаронӣ дидан намуда, ба деканҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани синфхонаҳо ва омодагиҳо ба оғози дарсҳо изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои беҳтарини олии таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз рӯи 29 ихтисос муҳандисонро омода менамояд.
Шуъбаи иттилоот
