РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Соҳаи геология яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти давлат буда, аз сохторҳои идоравӣ, ташкилотҳои истеҳсолӣ ва илмии давлатию ғайридавлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷамъиятро дар самти омӯзиши геологӣ, афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ ва ҳифзи қаъри замин таъмин менамояд, иборат мебошад. Алббата самтҳои асосии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ҳозираи ривоҷи бозори ҷаҳонии ашёи минералӣ ва хизматрасонӣ дар пешбурди корҳои омӯзиши геологӣ муайян менамояд. Вобаста ба шароит ва имкониятҳои замони истиқлолияти давлатӣ такмилдиҳии идоракунии давлатӣ дар самти омӯзиши геологии қаъри замин, афзунгардонӣ ва истифодаи заминаи ашёи минералӣ ба мувофиқкунонии сохтори ташкилии соҳаи геология ва рушди принсипҳои банақшагирии барномавӣ-мақсаднокии корҳои иктишофи геологӣ соҳаи геология пеш рафт истодааст.

Зарурияти марҳилаҳои корҳои дар соҳаи геология иҷрошаванда (корҳои таъиноти умумии геологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ, ҷустуҷӯӣ, баҳодиҳӣ, иктишофӣ ва азхудкунии кон) ин иҷро намудани корҳои илмию амлӣ в методӣ мебошад, ки барои афзунгардонии фонди истифодаи қаъри замин, қисмҳои камёфт ва бозоргири он равона шудааст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи геология имкониятҳои зиёдро фароҳам овардааст, ки гузаришро ба роҳи инноватсионии рушди соҳаи геология воситаҳои ба даст овардани ахбороти геологӣ, коркарди он, тафсиру пешниҳод ва истифодабариро бо технологияҳои нав бароҳ монда истодааст, ки талаби замон ба ҳисоб рафта ояндабинии конҳо ва захираҳо аз технологияҳои инноватсиони вобастгии калон дорд.

Дар ин самт иҷрои корҳои зерин ҳатман бояд дар амал тадбиқ шавад:

– компютерикунонии системавии ҷамъкунӣ, коркард ва пешниҳоди фаврии маълумотҳои геологӣ, геофизикӣ ва геохимиявӣ;

– ворид намудани ахборотӣ-технологӣ аз сарчашмаҳои расмии ахбороти рақамикунонидашуда оид ба истифодаи қаъри замин.

Мавриди зикр аст, ки барои тадқиқотҳои гузаронидашаванда тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз сабабе, ки нархи технологияҳои пешқадами замони истиқлолияти давлатӣ гарон аст ва барои ворид намудани технологияи пешқадам мушкилоти молияви имкон намедиҳад. Албатта дар ин самт барои мукаммал намудани ин система тайёр намудани мутахассисон нақши асосиро мебозад. Мебояд, ки коркард ва ҷорӣ намудани барномаҳои тайёр намудани мутахассисони тахассуси геологиро ба давлатҳои пешрафта баробар сохтан лозим меояд ва ин талаби замон аст. Ҳатман дар инҷо чорабиниҳои ташкилӣ, меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва молиявӣ-иқтисодӣ авалиндараҷа аст набояд сарфӣ дар назар шавад.

Барои ҳар як корманди соҳаи геология боиси ифтихор аст, ки дар ин рӯзҳо саифаҳои таърихи нав ба нави кишвари азизамон Тоҷикистон варақгардон мешавад ва дар ин саҳифаҳои таърихи кушодани конҳои нав, сохтмони иншоотҳои муҳими саноатӣ роли муҳимро мебозад.

Аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи геология барои боз ҳам тараққи додани Тоҷикистони азиз кушиш ба харҷ дода истодаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ё бардоштани парда аз лавҳаи корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ва дигар корҳои геологӣ шуруъ ва ба истифода дода мешавад, ки инро тамоми кормандони соҳаи геология эҳсос кардаанд. Рӯз ба рӯз соҳаи геологияи тоҷик рушд намуда, ба даствордҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

“Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридот ивазкунанда равона гардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад”.

         Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода гардидани захираҳои бойи табиии он ва вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад.

Дар раванди ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ва сиёсати танзимкунониро тақозо дорад, зеро имрӯз қонунгузории амалкунандаи мамлакат дар ин самт ба талаботи муосир пурра ҷавобгӯ намебошад ва бояд бо дарназардошти таҷрибаи пешрафта ва ҳимояи манфиатҳои кишвар дар соҳаи истифодабарии қаъри замин такмил дода шавад.

Ислоҳоти мазкур бояд барои ташаккули низоми нави идоракунии соҳа, ки дар он салоҳият ва вазифаҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор муайян гардидаанд, шаффофу устувор сурат гирифтани муносибати байни давлат ва истифодабарандагони қаъри замин, инчунин, соддагардонии дастрасӣ ба захираҳои табиӣ заминаи мустаҳкам гузорад.

Дар ин росто ба тамоми кормандони соҳаи геология ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи геологияи тоҷикро дар корҳои илмию истеҳсолӣ ва кашфи конҳои навашон мувафақиятҳои нав ба навро хоҳонем.

 

                   омӯзгорони кафедраи

                   геология ва корҳои маркшейдерӣ                          Ғ. Тӯйчиев

                                                                                              Б. Обидов