РУШДИ САНОАТИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГӢ ДАР ЗАМИНАИ ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Тазаккур бояд дод, ки паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санади ҳисоботӣ, балки як ҳуҷҷати муҳиму барномавии рушди ҳукумат ба шумор мераванд. Дар ин Паёмҳо самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ муайян гардида, вазифаҳои мушаххас барои ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, соҳаи тибу фарҳанг ва саноату иқтисод  гузошта мешаванд. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саноати кӯҳию металлургӣ дар Паёмҳои хеш бахусус дар Паёми имсола таваҷҷуҳ намуда, ин самтро ҳамчун сутунҳои асосии саноатикунонии босуръати кишвар муаррифӣ намуданд.

Саноати кӯҳӣ-металлургӣ дар иқтисоди миллӣ мавқеи махсус дорад. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи канданиҳои фоиданок — тилло, нуқра, мис, сурб, руҳ, сурма, ангишт ва дигар маъданҳо мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ин захираҳо бояд на танҳо ҳамчун сарвати табиӣ, балки ҳамчун манбаи рушди устувори иқтисодӣ истифода шаванд. Маҳз тавассути рушди соҳаи кӯҳию металлургия имкони баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши содирот ва таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ фароҳам меояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки  “ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.

Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.

Чунин хулоса намудан мумкин аст, ки ба воситаи ин таъкид дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳони он ҳастанд,  ки рушди саноат бояд ба қувваи пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил ёбад. Дар ин раванд саноати кӯҳӣ-металлургӣ ҳамчун соҳаи заминавӣ баромад намуда, рушди дигар бахшҳои иқтисод, аз ҷумла энергетика, сохтмон, нақлиёт ва саноати коркардро таъмин менамояд. Ин алоқамандии зич нишон медиҳад, ки рушди соҳаи мазкур таъсири мултипликативӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи гузариш аз истихроҷи ашёи хом ба коркарди амиқи маъданҳо, яъне ҳосил намудани маҳсулоти ниҳоӣ диққати махсус медиҳанд. Ин сиёсати давлатӣ ба он равона шудааст, ки арзиши иловагӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд оварда шавад. Таъсиси корхонаҳои ғанигардонӣ (ба монанди “Комбинати металлургияи тоҷик”, азнавсозии “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон” ва дигарҳо), коркарди консентратҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии металлургӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мустаҳкам намояд.

Сарвари хирадманди кишвар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ишора намуданд, ки “…Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд.

Дар ин росто, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад”.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон нақши илм ва инноватсия ҳамчун омили асосии рушди соҳаи кӯҳӣ-металлургӣ таъкид карда мешавад. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, каммасраф ва аз лиҳози экологӣ бехатар, истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ, коркарди маъданҳои камсифат ва душворкоркардшаванда, инчунин рақамисозии равандҳои истеҳсолӣ ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот мусоидат менамояд. Дар ин замина, ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо корхонаҳои саноатӣ аҳаммияти хоса дорад, ки намунаи инро дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан мумкин аст.

Нуктаи муҳими дигаре, ки дар таъкидҳои Сарвари маҳбуби кишвар дар робита ба ин самт таъкид мегардад, ин омодасозии кадрҳои баландихтисос мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, ки бе мутахассисони касбӣ рушди устувори ҳеҷ як соҳа имконнопазир аст. Омодасозии муҳандисон, геологҳо, технологҳо ва мутахассисони соҳаи кӯҳӣ-металлургӣ, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи истеҳсолот ва таҳкими робитаи илм ва амалия аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ин нуктаро сармашқи кори худ гирифта, барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат саҳми арзандаи хешро мегузорад. Имрӯз, дар факултети корҳои кӯҳии Донишкада муҳандисон дар самти корҳои маркшейдерӣ, геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, корҳои кушоди кӯҳӣ ва зеризаминии кӯҳӣ, тоза кардани канданиҳои фоиданок, сохтмони зеризамнӣ ва шахтавӣ, технолгияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ омода карда мешаванд.

Дар Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ  ҳамчунин, ба масъалаи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ, такмили қонунгузорӣ ва ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ метавонанд рушди босуръати саноати кӯҳию металлургиро таъмин намоянд. Таъсиси корхонаҳои муштарак ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ барои ворид намудани технологияҳои нав аҳаммияти калон дорад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва экологии рушди саноат диққати ҷиддӣ медиҳанд. Рушди соҳаи кӯҳӣ-металлургӣ бояд бо риояи қатъии меъёрҳои ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии меҳнат ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ҳамоҳанг бошад. Танҳо дар ин сурат метавон рушди устувор ва мутавозини иқтисодиро таъмин намуд.

Дар интиҳо, мехоҳам таъкид намоям, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди саноати кӯҳӣ-металлургиро ҳамчун омили калидии пешрафти иқтисоди миллӣ муайян менамоянд. Татбиқи пайдарпайи сиёсати давлатӣ дар ин самт имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати дорои саноати пешрафта, иқтисоди рақобатпазир ва рушди устувор табдил ёбад.

Боварии комил дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак — ҳукумат, илм, истеҳсолот ва ҷомеа — мо метавонем ҳадафҳои дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат муайяншударо бомуваффақият амалӣ намоем ва барои рушди соҳа, саҳми арзандаи худро гузорем.

  Маҳмудов Ҳ.А. н.и.т., дотсент,

декани факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи

          кӯҳию металлургии Тоҷикистон