Роҳҳо ва усулҳои таъмини барқ дар шароити кӯҳсор

Дар замони муосир, ки барқ ба ҷузъи чудонашавандаи зиндагии инсон табдил ёфтааст, масъалаи таъмини он дар минтақаҳои кӯҳсор аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад. Тоҷикистон  кишвари кӯҳсор ва пуроб буда, аз ҷиҳати захираҳои табии энергетикӣ имкониятҳои зиёд дорад. Аммо маҳз ҳамин табиати зебову кӯҳсор, ки сарчашмаи обҳои соф аст, хамзамон сабаби душвориҳои зиёд дар интиқол ва тақсимоти барқ дида мешавад.

Таъмини барқ дар минтақаҳои қӯҳсор яке аз масъалаҳои асосие, ки душвориҳои худро дорад. Дар чунин минтакаҳо, ки шароити ҷуғрофӣ ва иқлими душвор аст, бунёди  шабакаҳои пуриқтидори энергетикӣ мушкил буда, истифодаи роҳу усулҳои махсуси истеҳсол ва интмқоли барқ аҳамияти калон дорад.

Нерӯгоҳҳои обии хурд яке аз самтҳои асосии таъмини барқ дар минтақаҳои кӯҳсор буда, нерӯи об -ганҷи табии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 фисад захираи обии Осиёи Марказӣ мебошад. Дар дарёҳои Вахш, Панҷ, Зарафшон ва дигарҳо имкониятҳои бузурги истеҳсоли қувваи барқ дида мешавад. Аз ин рӯ сохтани нерӯгоҳҳои обии хурду калон яке аз роҳҳои асосии таъмини барқии минтақаҳои кӯҳсор мебошад. Аз ҳисоби будани дар бисёр ноҳияҳои кӯҳӣ дарёчаҳо ва ҷӯёборҳо метавонем аз НБО- и хурд истифода барем.

Бартариҳои нерӯгоҳҳои хурд дар он аст, ки хароҷоти на онқадар бисёр назар ба НДО- калон ба мисоли Роғун, ифлос накардани муҳити зист, истифодабарии манбаҳои маҳаллӣ, имконияти хизматрасонии осон. Ин гуна нерӯгоҳҳо метавонад деҳот ва ноҳияҳои дурдастро бе ниёзи хатҳои баландшиддат таъмин намояд.

Нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ – дар бисёр минтақаҳои кӯҳсор, махсус дар баландкӯҳҳо, рӯзҳои офтобӣ бисёр, ки мебошанд. Метавон аз панелҳои офтобӣ истифода бурд, онҳо барои равшанӣ, гармидиҳӣ ва пур кардани таҷҳизоти хурд мувофиқанд. Бартарии асосии онҳо ин истифодабарии осон ва набудани нигоҳдории мушкил.

Нерӯгоҳи барқии шамолӣ – дар баландкӯҳҳо шамол ҳамеша бо суръати баланд мевазад. Ин шароит имконият медиҳад, ки генераторҳои шамолӣ насб карда шавад. Гарчанд иқтидори онҳо аз НБО ва панелҳои офтобӣ камтар бошад, вале барои истифодаи маҳаллӣ (масалан, хонаҳо ё хоҷагиҳо) кофӣ аст.

Ба шароити истифодаи хаттҳои барқӣ хусусиятҳои релефӣ – иқлимии маҳал ва нобаробарии ҷойгиркунии истеъмолкунандагони асосии неруи барқ таъсири назаррас мерасонад. Хатҳои интиқоли барқӣ дар минтақаҳои кӯҳи камдастрас бо назардошти баландиҳо як қатор хусусиятҳои марбут ва мушкилоти худро дорад. Шамолҳои шадид, барф, борон ва ях кардани ноқилҳо дида мешавад, ки он зарурияти гузаронидани корҳои иловагии лоиҳавӣ-татқиқоти барои интихоби роҳи оптималӣ бо назардошти омилҳои геологӣ, гидрологӣ, сейсмикӣ ва иқлими ва таъсир ба муҳити зист дида мешавад. Истифода аз намудҳои махсуси пояҳо, ноқилҳо, изоляторҳо ва арматураҳо, ки ба шароити кӯхи мутобиқ карда шудаанд. Ба монанди устувории баланд, муқовимат ба бори шамол, осеби механикӣ, зангзанӣ ва яхбандӣ. Истифода аз усулҳои махсуси  насб, таъмир ва нигоҳдории хатҳои интиқоли барқӣ.

  • албатта баланд ба бехатарӣ ва тахассуси кормандони истифодаи ХИБ, инчунин риояи қоидаҳо ва дастурҳо оид ба техникаи бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва бехатарии сӯхтор. Бисёре аз истеъмолкунандагони категорияҳои I ВА II, дарозии зиед ва дастрасии душвор ба роҳҳо аз сабаби бероҳ ва барф дар фасли зимистон эътимоднокии баланди истифодаи ХБ-ро талаб мекунанд. Таҷрибаи истифодаи ХБ дар пояҳои оҳанин  бетонӣ ва омори садамавӣ нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо эътимоднокии ХИБ 110 — 35 кВ дар ин пояҳо нисбат ба металлӣ камтар аст. Шумораи қатъи садамавии ХИБ 110 кВ дар пояҳои оҳанини бетонӣ аз рӯи маълумоти бисерсола қариб 2 маротиба аз чунин нишондиҳанда барои ХИБ 110 кВ дар пояҳои металлӣ зиедтар аст.
  • Сабаби чунин эътимоднокии пасти ХИБ 110 кВ дар пояҳои оҳанини бетонӣ, одатан, худи пояҳои оҳанини бетонӣ нестанд. Сабаби маъмулии зуд-зуд қатъ шудани ИН ХИБ ноустувории онҳо ба таъсири шамол дар шароити минтақаи бурида мебошад. Дар шамол, ноқилҳои такякунанда ба масофаи ғайриқобили қабул ба шикастани траверсҳои болоии такягоҳҳо ва баъзан ба худи траверсҳо ва пойгоҳҳои такягоҳҳо наздик мешавад ва боиси баста шудани ойиқҳои ноқилҳо бо хомӯш кардани ХИБ мегардад. Ин ҳодисаҳо дар хатҳои бо ноқилҳои  сабук ва дар пояҳои, ки дар ҷойҳои паст қарор доранд, ки дар он ҷо бори овезаҳои изоляторӣ бо вазни ноқил суст карда шудааст, зуд-зуд рух медиҳанд. Чунин ноустуворӣ ба таъсири шамол дар ХИБ 35 кВ бо пояҳои дуҷониба ва ноқили АС-70 низ ба амал меояд. Кормандони истифодабарӣ бояд минтақаҳои садамавии ХИБ-ро ошкор кунанд ва чораҳоеро истифода баранд, ки устувории ХИБ-ро ба шамол баланд мебардоранд. Чунин чораҳо инҳоянд:: боздошти иловагии борҳо ҳатто дар қитъаҳои ХИБ, ки дар он ҷо бо истифодаи дастгоҳи дарозкунии изолятсионӣ, ки тағиребии канори ноқилро маҳдуд мекунад; таҷдиди раскосҳои траверси болоӣ, ки имконияти наздикшавии ноқилҳоро ба онҳо истисно мекунанд. Одатан, ин чораҳо самаранок мебошанд ва шумораи қатъи садамаро ба таври назаррас коҳиш медиҳанд. Масалан, аз таҷрибаи истифодаи ҳуҷҷатгузорӣ, як ХИБ 110 кВ дуқабата бо дарозии 40 км дар минтақаи кӯҳӣ пас аз ба истифода додани он 48 қатъи садамавӣ дар як сол асосан бо сабабҳои зикршуда ба вуҷуд меовард. Барои баланд бардоштани эътимоднокии он 81 такягоҳ таҷдид карда шуд, яъне 64 гирляндаи иловагии изоляторҳо насб карда шуданд, 75 раскоси траверсҳои болоӣ аз нав сохта шуданд ва дар 11 такягоҳ борҳои балластӣ овезон карда шуданд. Пас аз ин тадбирҳо шумораи солонаи қатъи садамавӣ 3 маротиба коҳиш ефт. Маълум аст, ки чунин таҷдиди такягоҳҳо хароҷоти зиед ва парешонии кормандонро талаб мекунанд.

Барои таъмини устувори барқ дар кӯҳсор, танҳо сохтмони иншоот кофӣ нест. Зарур аст, ки ҷомеаҳои маҳаллӣ низ дар идора ва нигоҳдории чунин системаҳо иштирок кунанд. Лоиҳаҳои “энергияи сабз”, ки бо дастгирии давлат ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад, имрӯз дар бисёр деҳаҳои кӯҳистон татбиқ шуда истодааст. Ҳамин гуна ҳамкории давлат, ҷомеа ва соҳибкорон метавонад Тоҷикистонро ба як кишвари энергетикӣ мустақил ва сабз табдил диҳад.

Барои Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор аст, таъмини барқ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки масъалаи ҳаёт ва пешрафти иҷтимоӣ мебошад. Бо истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ – об, офтоб ва шамол метавон на танҳо деҳоти дурдастро рушд дод, балки ба наслҳои оянда як кишваре бо экологияи софу сарчашмаҳои барқароршаванда ба мерос гузорад.

Одирматова Умедахон Бобоҷоновна

муаллими калони кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон