Энергияи электрики ягона навъи маҳсулотест, ки барои аз ҷойи истеҳсол ба ҷойи истеъмол бурда расонидани он дигар захираҳоро истифода наменамоянд. Барои ин як қисми қувваи электрикии интиқолшаванда сарф карда мешавад, бинобар ин талафот дар шабака пайдо мегардад, вазифа аз он иборат аст, ки барои ҳалнамудани дараҷаи он аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок муайян карда шавад. То ба дараҷаи муайян кам кардани талафоти энергияи электрикӣ дар шабакаҳои барқӣ яке аз самтҳои муҳими барқтаъминнамои мебошад [1].
Зиёд шудани талафоти энергия дар шабакаҳои электрикӣ бо таъсири қонунҳои комилан объективи муайян карда мешавад, умуман тараққиёти тамоми энергетика аз он вабаста аст. Ҷихати асоси инҳоро дар бар мегирад: тамоюли консентратсияи истеҳсоли қувваи электрикӣ дар шабакаҳои калон; самти зиёдшавии сарбории шабакаҳои электрикӣ, ки бо афзоиши табиии сарбориҳои истеъмолӣ ва суръати афзоиши иқтидори шабака аз суръати афзоиши истеъмоли энергияи электрикӣ ва аз иқтидори тавлидкунанда вобаста мебошад.
Ба муносибати инкишофи муносибатҳои бозорӣ дар мамлакат аҳамияти муаммои талафи кувваи энергияи электркӣ хеле афзудааст. Аз тарафи мутахассисони ватани зиёда аз 30 сол боз кор карда баромадани усулҳои ҳисоб кардан, таҳлили талафоти энергияи электрикӣ ва интихоби тадбирҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ барои кам кардани онҳо ба роҳ монда шуда истодааст. Барои ҳисоб кардани ҳамаи ҷузъҳои талафоти энергияи электрикӣ дар ҳамаи синфҳои шиддати шабака ва дар таҷҳизоти шабакаву зеристгоҳҳо ва характеристикаҳои меъёрии онҳо маҷмўи барномавӣ таҳия карда шудааст, ки дорои сертификати мутобиқат аз ҷониби Идораи марказии диспетчери тасдиқ шуда мебошад.
Аз сабаби мураккаб будани ҳисоби талафот ва мавҷуд будани хатогиҳои назаррас дар вақтҳои охир ба кор карда баромадани тарзҳои нормал гардондани талафоти энергияи электрикӣ диққати махсус дода мешавад.
Муаммои ҳисоб кардани талафи энергияи электрикӣ кайҳо боз энергетикҳоро ба ташвиш овардааст. Дар робита ба ин, ҳоло хеле кам китобҳо дар ин мавзӯъ нашр мешаванд, зеро дар тарҳрезии бунёдии шабакаҳо каме тағйиротҳо баён омадааст. Аммо дар баробари ин, шумораи хеле зиёди мақолаҳо нашр мешаванд, ки дар онҳо маълумоти кӯҳна равшан карда шуда, роҳҳои нави ҳалли мушкилоти марбут ба ҳисоб, танзим ва кам кардани талафоти энергияи электрикӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ҳар сол талабот ба энергияи электрикӣ дар минтақа ва ҷумҳури меафзояд, дар ҳоле ки шабакаҳои электрикии минтақа микдори зарурии энергияи электрикиро ҳосил карда наметавонад ва аз ин ҳисоб солҳои охир дар минтақа дар фасли зимистон маҳдудиятҳои дар барқтаъминкунии аҳоли мебошад. Бо дарназардошти қисман кӯҳна будани шабакаҳо дар натиҷаи афзоиши истеъмолкунандагон, шабакаҳои тақсимоти Ҷумҳури ва минтақа аз ҳад зиёд пурбор мешаванд [4-7]. Инчунин, то соли 2000 зиёда аз 70 фоизи иқтидорҳои истеҳсолии насбшуда ба истифода дода шудаанд, ки ин аз фарсудашавӣ ва паст будани самаранокии он шаҳодат медиҳад. Аз ҳад зиёд сарбории шабакаҳои тақсимотӣ боиси оқибатҳои манфии зиёд мегардад, аз қабили: инҳирофшавии шиддат дар гиреҳҳои сарборӣ; афзоиши талафоти иқтидори фаъол ва энергияи электрикӣ; кӯтох шудани мӯҳлати хизмати таҷҳизотҳои электрикии шабакаи таксимкунӣ оварда мерасонад.
Ба ин муносибат ба манбаъҳои иловагии иқтидор, аз ҷумла истифодаи генератсияи тақсимшуда зарур аст. Барои минтақаҳое, ки шумораи зиёди рӯзҳои офтобӣ ва сатҳи баланди фаъолияти офтобӣ доранд, татбиқ ва истифодаи модулҳои фотоэлектрикҳои тарҳрезӣ ва иқтидорҳои гуногун ҳамчун як қисми системаҳои генератсияи тақсимшуда муҳим аст. Бо назардошти хусусиятҳои иқлимию географии минтақаи баррасишаванда модулхои фотоэлектрикиро ҳамчун генератсияи тақсимшуда истифода бурдан мумкин аст. Тибқи тадқиқотҳо [18, 19] шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар тӯли сол аз 2393 то 6576 Вт×соат/(м2×шабонарӯз) буда, шумораи рӯзҳои офтобӣ аз дусаду панҷоҳ зиёд мешавад.
Истифодаи алоҳидаи системаҳои табдилдиҳандаи энергияи офтоб васеъ паҳн нашудааст ва асосан модулхои фотоэлектрики конструксияҳои гуногун ҳамчун қисми гибридии комплексҳои энергетикӣ ё шабакаҳои электрикӣ истифода мешаванд. Яке аз вариантҳои сохтани чунин системаҳо комплексҳои якчояи дизелии-офтобӣ мебошад. Дар баробари ин, барои минтақаҳое, ки арзиши ками сузишворӣ ва имконияти босуръат таъмин намудани он доранд, аҳамияти истифодаи комплексҳои дизели дар хайати зеристгоҳҳои электрики хеле баланд аст. Нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ ҳамчун як ҷузъи комплексҳои омехтаи офтобӣ-дизелӣ метавонанд дар реҷаҳои гуногуни корӣ вобаста ба шиддатнокии радиатсияи офтобӣ ё ҷадвали сарбории ҷорӣ истифода шаванд.
Ҳамин тариқ, арзёбии истифодаи самараноки генератсияҳо тақсимшуда дар шабакаҳои минтақа вазифаи таъхирнопазир аст.
Солҳои охир дар минтақа таъминоти муфиди қувваи электрикӣ 15…21 миллион киловатт ∙ соат дар як сол ва талафот 20…23 фоизро ташкил дода истодааст. Дар баробари ин, ҳиссаи талафот дар шабакаҳои Минтақаи тақсимоти тақрибан 22% аз талафоти умумииро ташкил медиҳад. Ҳар сол ҳаҷми қувваи электрикии фоиданок дар шабака зиёд шуда, талафи қувваи электрикӣ низ зиёд шуда истодааст. Ба муносибати инкишофи муносибатҳои бозорӣ дар мамлакат аҳамияти муаммои талафи қувваи электрикӣ хеле афзудааст. Арзиши талафот яке аз қисмҳои таркибии тарифи нерўи барқ мебошад. Аз ин рӯ, то дараҷаи аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазир кам кардани талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳои барқӣ яке аз самтҳои муҳими сарфаи энергия мебошад.
Дар зер графики миёнаи талафоти нерӯи барқ оварда шудааст.
Расми 1. Графики миёнаи талафоти нерӯи барқ
Тавре аз график дида мешавад, талафоти калонтарин ба интиқол тавассути хатҳои ҳавоӣ алоқаманд аст, ки тақрибан 64% умумии талафотро ташкил медиҳад. Дар ҷои дувум таъсири тоҷи барқӣ (корона, яъне ионизатсияи ҳаво дар назди ноқилҳои хатҳои ҳавоӣ ва дар натиҷаи байни онҳо ба амал омадани тахлияи ҷараёни) — 17%. Дар асоси диаграммаи пешниҳодшуда метавон гуфт, ки фоизи бештари талафотии ғайримақсаднок ба омили технологӣ рост меояд.
Пас аз таҳлили сохтор, сабабҳоеро дида мебароем, ки дар ҳар як категорияи дар боло номбаршуда истифодаи нодурустро ба вуҷуд меоранд. Аз омили технологӣ оғоз менамоем:
- Талафоти сарборӣ, дар хатҳои интиқоли барқ, таҷҳизот ва элементҳои гуногуни шабакаҳои барқӣ ба амал меоянд. Чунин хароҷот бевосита аз сарбории умумӣ вобаста аст. Ин ҷузъҳоро дар бар мегирад:
- Талафот дар хатҳои интиқоли барқ, бевосита аз қувваи ҷараён вобастааст. Аз ин рӯ, ҳангоми интиқоли нерӯи барқ ба масофаҳои дур, аз принсипи якчанд маротиба зиёд кардан истифода мешавад, ки ба мутаносибан коҳиш ёфтани ҷараён ва хароҷот мусоидат мекунад.
Тошходжаева М.И.
н.и.т. омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқи ДКМТ

