Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз номи раёсати донишкада, аз номи ҳайати профессорию омӯзгорӣ раиси Иттифоқи мутаҳидаи касабаи донишкада дотсент Давлатзода Давлатро табрику таҳният гуфта, барояш барору муваффақият ва дар пешбурди минбаъдаи корҳо комгорӣ таманно намуд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз фаъолияти Давлатзода Давлат минҳайси раиси Иттифоқи муттаҳидаи касаба хеле хуб тавсиф карда, изҳор дошт, ки маҳз дар давраи роҳбарии ҳамин ҷавони ватандӯст ва меҳнатдӯст Иттифоқи касабаи донишкада зинда шуд ва ба омӯзгорону кормандон ҳамеша ҳомиву мусоидатгар шуд. Иттифоқи касабаи донишкада имрӯз метавонад ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳомии омӯзгорон бошад ва ҳам аз ҷиҳати молиявӣ мусоидат намояд. Дар давраи роҳбарии Давлатзода Давлат беҳтарин аксияҳои тарғиботӣ, беҳтарин чорабиниҳои хайриявӣ дар доираи барномаҳои мавҷуда ва дар айёми ҷашну маросимҳо гузаронида шуд. Давлатзода Давлат садоқатмандона, ҷонфидоӣ кард, то барои ҳифзи ҳуқуқи кормандон ва расонидани кӯмакҳои молиявӣ расонад ва мақоми омӯзгорро баланд бардорад.
Давлатзода Давлат ҳамчун ҷавони пайрави асили Пешвои муаззами миллат, нишон дод, ки агар кор аз сидқ бошад натиҷа медиҳад ва дар ҳама соҳа кӯшиш ва талош бояд кард.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ҳамчунин, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ҳамроҳӣ намуда, табрикоти самимии хешро ба унвонии Давлатзода Давлат расонид.
Шуъбаи иттилоот
