Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ директори нави Донишкадаи Конфутсий хонум Сун Даманро, ки ба тозагӣ аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин таъйин гардидааст, ба ҳузур пазируфт. Дар маросими қабул ва мулоқот ҳамчунин муовини аввали ректор Давлатзода Давлатзода ширкат намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барномаи кории хонум Сун Даманро хуш пазируфта, роҷеъ ба нақшаҳои минбаъда ва ҳамкориҳои тарафайн суҳбат намуд. Мавсуф ба меҳмон ҷиҳати риояи талаботҳои муқарраршуда ва тарбияи насли ҷавон, пешбурди корҳои илмиву фарҳангӣ машваратҳо дода, дар иҷрои масъулият барору муваффақият таманно намуд.
Дар интиҳо хонум Сун Даман ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати ҳамкории судманд ва машваратҳои нек изҳори миннатдорӣ баён карда, пандномаи ҳикматомӯзро ҳадя намуда, ваъда дод, ки содиқона барои пешрафт ва рушд ва равнақи дӯстӣ фаъолият мебарад.