Рақамикунонии иқтисодиёт: зарфиятҳо ва имкониятҳо

Иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар асри XXI маҳсуб мешавад ва дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегии миллӣ пайдо кардааст. Бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ, шакл ва мазмуни муносибатҳои иқтисодӣ ба таври куллӣ тағйир ёфта, ба корхонаҳо ва давлат имконият медиҳад, ки фаъолияти худ ба таври самаранок ва пайваста таҳти назорати рақамӣ қарор диҳанд. Мафҳуми иқтисодиёти рақамӣ дар пажӯҳишҳои олимон ҳамчун низоми муносибатҳои иқтисодӣ, ки ба истеҳсол, коркард ва истифодаи додаҳои рақамӣ асос ёфта, фаъолияти иқтисодиро тавассути технологияҳои рақамӣ ва инфрасохтори шабакавӣ таъмин менамояд, тавсиф шудааст. Хусусиятҳои асосии ин низоми аз ҷумла автоматизатсияи қарорҳо, истифодаи платформаҳои рақамӣ, тиҷорати электронӣ, тағйирёбии модели истеъмол ва воридшавии касбҳои нав мебошанд.

Масъалаи «ҳукумати электронӣ» ва «рақамикунонии иқтисодиёт» дар Паёми Пешвои миллат яке аз нуктаҳои асосиро ишғол мекунад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 иброз доштанд: “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.

Таъсири сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ дар амал афзоиши хизматрасониҳои электронӣ, васеъ шудани инфрасохтори интернетӣ ва ҷорӣ намудани платформаҳои молиявӣ ва иҷтимоӣ, ки муносибати шаҳрвандон бо давлатро соддатар ва шаффофтар месозанд, мушоҳида мешавад. Ин равандҳо имконият медиҳанд, ки рушди соҳибкорӣ ва рушди технологӣ дар сатҳи миллӣ босуръат ба роҳ монда шаванд, ин дар навбати худ, ба афзоиши иқтидори бозори дохилӣ ва рақобати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун технологияи нав, балки ҳамчун воситаи устувори рушди миллӣ, афзоиши рақобатпазирӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Он имконият фароҳам меорад, ки кишвар аз модели анъанавии иқтисод ба модели инноватсионӣ гузарад, равандҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ ба таври автоматӣ ва шаффоф амалӣ шаванд, ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, иқтидори инсонӣ бештар истифода шавад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад. Аз ин рӯ, ҳамгироии ҳамаҷониба ва низомӣ ба иқтисодиёти рақамӣ барои Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Аҳмадзода Авазбек Аҳмад

Омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ