Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор намуд

Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор намуд, ки дар он муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо, марказҳо ва деканҳову мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.  Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ тибқи нақша ба масъулин дастуру супоришҳо дода, сипас роҷеъ ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби донишҷӯён ба илмоӯзӣ, бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии амалҳои хурофотпарастӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстонаи донишҷӯён ва ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмӣ суханронӣ намуд. 
Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  таҳкими сулҳу субот ва истиқлоли Тоҷикистон, нақши Сарвари давлат дар ҳифзи манофеи миллӣ чанд нуктаи муҳимро таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар шароити чолишҳои глобалӣ, таҳоҷуми фарҳангӣ ва ҳамзамон баҳсҳои доманадори абарқудратҳо суханронӣ карда изҳор дошт, ки дар ин шабу рӯз бояд ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, дар тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ талош намоем, ба фарзандонамон дӯст доштани Ватан, мутолиаи асари безаволи “Шоҳнома”, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар якӣ хонадон тақдим гардид, бар фарзандон ҳифзи арзишҳои миллиро омӯзонем ва дар ҳифзи меҳан ононро омода созем.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон дар бораи вазъи ҷаҳони муосир ва ҳаводиси охир суханронӣ намуда, ин мисраъҳоро аз ҳазрати Фирдавсӣ қироат намуд:
Дареғ аст Ирон, ки вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.
Зи паймон бигарданду аз ростӣ,
Гиромӣ шавад кажживу костӣ.
Рабояд ҳаме ин аз он, он аз ин,
Зи нафрин надонанд боз офарин…