ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ

“Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад”
Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои куллиро ба амал оварда, дар зиндагии мардуми ҷумҳурӣ осоиштагӣ ва падидаҳои некро ба миён гузошт. Соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои калидӣ ва муҳим дар сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат эълон шудааст, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даврони 34 соли Истиқлоли давлатӣ сохтмони ҳазорҳо кӯдакистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо техникаву технологияи пешрафта ва муосир, таъмини шароитҳои зарурӣ барои хонандагону донишҷӯён, магистрантону дигар кормандони илмӣ далели ин гуфтаҳо мебошад ва чунин ғамхориҳо, дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат боис шуд, ки ҳамасола садҳо нафар хонандагону донишҷӯён ва магистрантону дигар муҳасиллин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медал ва диплому ифтихорномаҳо гардида, парчами Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Илму дониш, аз ҷумла рушди илмҳои дақиқи ва техникӣ дар байни тољикон аз қадим мақоми хос дошт. Олимону донишмандон, муҳаққиқон вакайҳоншиносон аз қабили Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Абунасри Форобӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва даҳҳои дигар дар ҷаҳони мутамаддин маъруф буда, номи онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд.
Ба хотири ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот ҷавобгӯ будани он, зарурати таҳия ва қабули барномаву стратегияҳо пайдо гардид, ки яке аз онҳо Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии қабули Барномаи мазкур ин дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо истифода аз асбобҳои айёнӣ иҷрои амалии корҳои озмоишӣ, ки бо мақсади мустаҳкамкунии дарс ба роҳ монда мешавад, инчунин, ташкил ва гузаронидани тадқиқоти фардӣ ва гурӯҳӣ, пайдо кардани иттилоот оид ба дастовардҳои илмӣ ва техникии замони муосир, маълумоти муосир оид ба олами органикӣ ва ғайриорганикӣ ва ғайра маҳсуб меёбад.
Яке аз ҳадафҳои асосии “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагон заминаи мусоидро фароҳам меорад. Амалӣ гардидани Барномаи болозикр, ки асоси онро ташаккули тафаккури техникию табиии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил менамояд, ба тараққиёти илму техника то як андоза тавонист, мусоидат намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон иброз доштанд. Аз суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона гардидааст. Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин бистсола изҳор намуданд, ки бояд “Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ба масъалаҳои саноатикунонии давлат, истеҳсолот ва рушди иқтисодиёт диққати махсус дода, ба ин васила сатҳи зиндагии аҳолиро зина ба зина баланд мебардорад. Бо назардошти ин, дар мамлакат солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуда, мавриди татбиқ қарор дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии роҳбари дурандешу хираддӯст ва маорифпарвар Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маорифу илми мамлакат рушд намуд ва барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва донишандӯзии ҷавонону наврасон дар ҳамагуна муассисаҳои таълимӣ имконияту шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва коллеҷҳо, муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои фанҳои математика, физика, химия, биология, экология, технологияи информатсионӣ, касбу ҳунар ва дигар озмоишгоҳҳои илмии ҳозиразамон ва гаронарзиш ташкил ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин боиси беҳтар гардидани ҷараёни таълим ва сифати таълим гардид.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо ин мақсад истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш ёфта, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавонон тақвият дода шуда, бояд барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.
Дар робита ба ин, озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи 8 номинатсия дар чаҳор давра бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Баргузории озмуни зикршуда аз он далолат медиҳад, ки сол аз сол теъдоди иштироккунандагон зиёд гардида, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва техникӣ баръало ҳис карда мешавад. Хурсандиовар аст, ки сол аз сол барои ғолибони озмун маблағҳои ҳавасмандкунӣ зиёд гардида, соли ҷорӣ барои аксарияти номинатсияҳо ҷиҳати ишғоли ҷойи аввал-70 ҳазор сомонӣ, барои ишғоли ҷойи дуввум-50 ҳазор сомонӣ ва барои ишғоли ҷойи сеюм-30 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Боиси қайд аст, ки муддати 6 соли охир омӯзгорону кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар номинатсияи ихтироъкории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” иштироки фаъолона намуда, дар ин муддат олимони ҷавон ва умедбахш Раҳимзода Ҳаёт, Кенҷаев Шуҳратҷон, Бадалов Ҷамолиддин, Маҳмудов Ҳасан, Қодиров Абдурашид ва 5 нафар магистрантону донишҷӯён сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ки мо аз онҳо ифтихор менамоем.
Ин ҳам самараи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дарки масъулияти аҳли соҳаи илму маориф мебошад.
Дар умум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бедор намудани тафаккури техникии насли ҷавон, нақши калидӣ ва муассир доранд.
ҚОЗИЗОДА КАМОЛИДДИН САНГИН
-н.и. физ-мат, и.в. профессор,
декани факултети электромеханикаи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон