
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва аксаран муҳандис омода менамояд.

Дуюм, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 75 корхонаи саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва дар 32 корхона кафедраҳои тахассусии донишкада филиали худро доранд.

Сеюм, тамоми дарсҳои амалии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатӣ ва филиали кафедраҳои донишкада дар корхонаҳои саноатӣ баргузор мегардад.

Чаҳорум, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дорои 18 озмоишгоҳи замонавии таълимиву пажӯҳишӣ мебошад.

Панҷум, тамоми омӯзгорони донишкада таҷрибаи баланди касбӣ ва дорои собиқаи корӣ дар корхонаву ширкатҳои дохиливу хориҷӣ мебошанд.

Шашум, 90 фисади омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон такмили ихтисосро дар донишгоҳҳои байналмилалии хориҷӣ гузаштаанд ва дорои санади байналмилалӣ мебошанд.

Ҳафтум, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамом хатмкардагони худро бо ҷойи корӣ ва маоши баланд таъмин менамояд.

Ҳаштум, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дорои ду хобгоҳи замонавию муосир мебошад.

Умуман дар бораи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон агар ҳарф занем, соатҳо мегузарад, зеро беҳтарин муассисаи олии таълимӣ мебошад.

Рамзи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар Маркази миллии тестӣ 201 мебошад.

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намо ва соҳиби зиндагии шоиста бигард!

Муҳандис бишав ва аз лаззати дунё баҳра бигир!
Инро бидон:

Калиди муввафақият ва

пули дунё дар дасти муҳандисон аст!
Шуъбаи иттилоот