Пешдифои рисолаи номзадӣ хуҷаста бод муаллима Мамадқулова Раънохон!

Имрӯз, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар омӯзгори донишкада, муаллимаи гиромӣ Мамадқулова Раъно аз давраи пешдифоъ гузаштанд. Мавзуи кори илмии Мамадқулова Раънохон “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар замони истиқлолият (охири асри 20 ва асри 21): шароитҳо ва хусусиятҳо” мебошад, ки барои дарёфти номзади илмҳои таърих таҳия шудааст.

Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муаллимаи арҷманд Мамадқулова Раънохон ба ин дастовардӣ илмӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият таманно менамояд.