ПАЁМ – АСОСИ ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ки дар даҳсолаи охир Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас, алалхусус дар соҳаҳои иқтисоди воқеӣ, молияи давлатӣ ноил гардидааст. Дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо дар солҳои охир дар партави истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ҳанӯз дар Паёми ироа шуда дар соли 2024 аз тарафи сарвари давлат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд. Афзалиятҳои мушаххас барои солҳои 2026-2030, аз ҷумла рақамигардонӣ, саноатикунонӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва иқтисоди “сабз”, аз ҷумла қабули Барномаи миёнамуҳлат пешбинӣ мекунад, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзояд, сатҳи камбизоатӣ паст карда шавад, рушди иқтисодиёт, кишоварзӣ, саноат баланд бардошта шуда боварии устувориро ба рушди минбаъдаи кишвар ва беҳбудии сатҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон тақвият мебахшанд.

Баҳри амалисозии ҳадафҳо ва рушди иқтисод бо тарҳи нав: рақамигардонӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар тамоми соҳаҳо бахусус тиҷорат, хизматрасониҳо, энергетика, идораи андоз ва дигарҳо нишон медиҳанд, ки кам кардани омилҳои инсонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир самаранокии идоракунӣ ва интизоми молиявиро ба таври зарурӣ баланд мекунад.

Ҳамагон медонем, ки муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ ва фароғатсозии аҳолӣ имруз бахши хусусӣ мебошад, ки дар Паёми Роҳбари давлат арзандаи зикр аст. Пешниҳоду чораҳои пешбинишуда барои осон намудани дасрасии соҳибкорон ба захираҳо, маблағгузорӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ барои соҳибкорӣ муҳити мусоид эҷод намуда, фаъолиятҳои сармоягузориро тақвият медиҳанд.

Дар шароити ҷаҳони мураккаб афзоиши даромадҳои буҷет, истифодаи мақсаднок ва оқилонаи маблағҳои буҷетӣ шаҳодати устувории идоракунии молиявӣ мебошад. Дар сиёсати саноатикунонии босуръат ва рушди соҳаи энергетика бо натиҷаҳои назаррас ҷолиби диққат аст. Таъсисёбии ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва васеъ намудани навъи маҳсулот дурустии роҳи стратегиро тасдиқ мекунанд.

Сармоягузориҳои калон дар соҳаи энергетика, таҷдиди неругоҳҳои калидӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба монанди бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” пояи устувори истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин хоҳад намуд. Ҳамзамон истифодаи энергетикаи “сабз” ва технологияҳои рақамӣ имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои баланди технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ фароҳам оварда, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешрафта ва устувор тақвият мебахшад.

Паёми Роҳбари давлат, ҳамчунин, аҳамияти давлатро нисбат ба амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори кишоварзӣ инъикос менамояд. Афзоиши босуръати соҳаи аграрӣ, баландшавии сатҳи худиқтидории озуқаворӣ то 85 % натиҷаи меҳнати садоқатмандонаи деҳқонон ва дастгирии самараноки давлатӣ мебошад. Ин қисмат, ҳамчунин, рушди инфрасохтор, соҳаи иҷтимоӣ, илм ва маорифро дарбар мегирад.

Баланд бардоштани маблағгузории  соҳаи маориф ва илм, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба сифат ва омӯзиши кадрҳо, рушди фанҳои табиӣ ва дақиқ ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ дар омӯзиши пиряхҳо нишондиҳандаи дурбинӣ ва стратегияи ояндаи кишвар мебошад. Ин тадбирҳо барои ташаккули насли соҳибкасб, ватандӯст ва рақобатпазир мусоидат намуда, кафолати устувории давлат ва ҷойгоҳи сазовори он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.

Яке аз нуқтаҳои асосии дурнамои рушди иқтисодии кишвар дар Паём ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии кишвар мебошад. Фароҳам овардани ҳазорҳо ҷойи корӣ, таваҷҷӯҳи махсус ба шуғли ҷавонон, занон ва гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа далели сиёсати одилона ва масъулиятнок дар соҳаи меҳнат мебошад. Аз ҷумла ба ҷавонон ва занон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи рушди кишвар таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. Ташаббусҳои ҷавонон, фароҳам овардани шароити таҳсил, рушди касбӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеаи насли созанда ва пешбарандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди қарор дода шуд.

Аз мазмуни иқтибосҳои Паёми роҳбари давлат, ҳамчунин, бармеояд, ки сиёсати молиявию бонкӣ бо ҳадафҳои иҷтимоӣ пайванди устувор дорад. Баланд бардоштани маош, нафақа ва стипендияҳо, афзоиши маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ гувоҳи он аст, ки рушди иқтисодӣ пеш аз ҳама ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст.

Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” оид ба соҳаҳои иқтисодӣ воқеӣ ва молияи давлатӣ:

-Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.

-Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.

-Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.

-Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.

-Дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.

-Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.

-Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастури раҳнамоест, ки  ҳалли тамоми масъалаҳои ҷомеа дар он нишон дода шуда, он ба таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувори давлат равона гардидааст. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли ҷорӣ боз ҳам баланд бардошта, солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем. Ва бо ин васила ба давлати пешрафтатарин табдил ёфта, барои зиндагии хубу осоиштаи насли оянда замина гузошта бошем.

Юсупов Х.М.

Сардори бахши идоракунии сифати тањсилот