ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ РОҲНАМОИ СТРАТЕГИИИ РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМИ МУОСИР

Дар низоми давлатдории навини Тоҷикистон, соҳаи маориф на танҳо як бахши иҷтимоӣ, балки пойдевори асосии амнияти миллӣ ва рушди устувори кишвар маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар маорифро «соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат» номида, самтҳои асосии таҳаввулоти ин бахшро муайян менамоянд. Паёми Пешвои миллат барои аҳли маориф на танҳо як суханронӣ, балки як «Харитаи роҳ»-и стратегӣ мебошад, ки ояндаи зеҳнии миллатро тарҳрезӣ мекунад. Яке аз нуктаҳои меҳварии Паёмҳои солҳои охир ин беҳтар намудани шароити таълим ва бунёди муассисаҳои таълимии нави ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «сифати таҳсилот бевосита аз шароити мусоид ва истифодаи технологияҳои муосир вобаста аст».
Дар доираи дастурҳои Паём, ҳамасола дар кишвар садҳо мактабҳои нави типи муосир сохта, ба истифода дода мешаванд. Танҳо дар чанд соли охир бо супориши Сарвари давлат маблағгузории соҳаи маориф чанд баробар афзоиш ёфта, муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва таҷҳизоти инноватсионӣ таъмин карда шуданд. Ин иқдом имкон дод, ки фарқияти байни мактабҳои шаҳр ва деҳот дар мавриди дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотӣ коҳиш ёбад. Ҳадафи асосии ин иқдомҳо омода намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва химияву биология мебошад.
Паёми Пешвои миллат роҳбарияти соҳаро вазифадор кард, ки барномаҳои таълимӣ бояд ба талаботи бозори меҳнат ва саноатикунонии босуръати кишвар мутобиқ карда шаванд. Пешвои миллат дар Паёмҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд: «Омӯзгор кафили ояндаи дурахшони миллат аст». Дар ин замина, бо супориши Сарвари давлат як қатор иқдомҳои муҳим амалӣ гардиданд.Ҳамасола баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф ва стипендияҳои донишҷӯён. Дастгирии омӯзгорони ҷавон бо қитъаҳои замин ва қарзҳои имтиёзнок ва таъсиси ҷоизаҳои давлатӣ ва озмунҳои касбӣ, ки нуфузи касби омӯзгориро дар ҷомеа дубора эҳё намуд.
Паёми Пешвои миллат заминагузори озмунҳои беназире чун «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани маҳбуби ман», «Илм-фурӯғи маърифат», «”Тоҷикон”оинаи таърихи миллат» ва «Шоҳномахонӣ» гардид. Ин озмунҳо соҳаи маорифро аз доираи танҳо муассисаҳои таълимӣ берун оварда, ба як ҷунбиши умумимиллии маърифатӣ табдил доданд. Ин чорабиниҳо боиси он гаштанд, ки шавқу рағбати насли ҷавон ба китобхонӣ ва омӯзиши таърих ба таври бесобиқа афзоиш ёбад.Истеъдодҳои нодир аз минтақаҳои дурдаст ошкор ва дастгирӣ ёбанд ва сатҳи худшиносии миллӣ дар байни хонандагон ва донишҷӯён баланд гардад.
Дар Паёми имсола ва солҳои қаблӣ Пешвои миллат ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ, диққати махсус зоҳир намуданд. Сарвари давлат бо дурбинӣ таъкид мекунанд, ки бидуни донистани забонҳои ҷаҳонӣ ва технологияҳои муосир, ворид шудан ба фазои илми ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Имрӯз дар заминаи ин дастурҳо, дар тамоми кишвар «Барномаи давлатии омӯзиш ва азхудкунии забонҳои русӣ ва англисӣ» ва «Стратегияи рақамикунонии соҳаи маориф» амалӣ шуда истодаанд. Ин маънои онро дорад, ки маориф аз шакли анъанавии коғазӣ ба шакли электронии муосир гузашта, истифодаи китобҳои электронӣ ва таҳсилоти фосилавӣ васеъ ҷорӣ мегардад.Яке аз талаботҳои қатъии Пешвои миллат дар Паём-ин гузаштан аз миқдор ба сифат аст. Сарвари давлат роҳбарони соҳаро вазифадор намуданд, ки диққати асосӣ на ба шумораи дипломҳо, балки ба сатҳи дониши воқеии хатмкунандагон равона карда шавад. Таъсиси Маркази миллии тестӣ ва низоми нави арзёбии дониш маҳз дар заминаи ҳамин дастурҳо сурат гирифт, ки шаффофият ва адолатро дар соҳаи маориф таъмин намуд.
Хулоса, ҳар як нуктаи Паёми Пешвои муаззами миллат дар мавриди маориф ва илм саршор аз ғамхорӣ ва дурбинӣ нисбат ба ояндаи миллат аст. Мо, кормандони соҳаи маориф, дарк мекунем, ки иҷрои саривақтии дастурҳои Паём кафолати расидан ба ҳадафи чаҳоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Танҳо бо такя ба илму маориф ва тарбияи насли соҳибмаърифат мо метавонем давлати худро дар ҷаҳони муосир рақобатпазир гардонем. Паёми Пешвои миллат барои мо роҳнамои асосӣ ва машъалест, ки роҳи моро ба сӯи қуллаҳои баланди илму маърифат равшан месозад.
Давлатов Хайриддин ассистенти кафедраи
геология ва корҳои маркшейдерӣ