Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 дар низоми санадҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар мавқеи калидӣ дошта, ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии давлатро барои марҳалаи минбаъда, муайян менамояд.
Дар Паёми соли 2025 рушди устувори иқтисодӣ ҳамчун ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ муаррифӣ гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бояд бо беҳбуди сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ҳамоҳанг бошад. Чунин равиш ба консепсияи рушди устувор мувофиқат намуда, имконият медиҳад, ки рушди иқтисодӣ на кўтоҳмуддат, балки дарозмуддат ва мутавозин таъмин гардад.
Таҳлили муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нишон медиҳад, ки дар он масъалаҳои калидии рушди иқтисод, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини суботи макроиқтисодӣ, иқтисодиёти рақамӣ, гузариш ба иқтисодиёти сабз ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо далелҳои муътамади илмӣ ва омори мушаххас инъикос ёфтааст.
Натиҷаҳои бадастомада дар соҳаи иқтисодиёт далели самаранокии сиёсати пешгирифта мебошанд, ки агар ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2024 ба 150 миллиард сомонӣ баробар бошад, дар соли 2025 ин нишондиҳанда ба 173 миллиард сомонӣ расидааст.
Нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи зиёда аз 8,4%, новобаста аз таъсири омилҳои беруна ва буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, аз устувории низоми иқтисодии кишвар шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, сатҳи таваррум дар ҳудуди 3,6% нигоҳ дошта шуд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои мусбат дар миёни кишварҳои рў ба рушд ба ҳисоб меравад.
Рушди иқтисодӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мустақим расонидааст, ки даромади пулии аҳолӣ нисбат ба соли 2024 12,2% афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии он ба 165 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.
Музди миёнаи номиналӣ дар кишвар ба зиёда аз 3 300 сомонӣ расидааст, ки афзоиши солонаи он 21,4 %-ро ташкил медиҳад. Бо назардошти таваррум, музди меҳнати воқеӣ 17,8% зиёд гардидааст.
Илова бар ин, баланд бардоштани музди меҳнати минималӣ аз 1 000 то 1 300 сомонӣ, яъне 30%, нишон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳифзи қишрҳои осебпазири аҳолӣ равона гардидааст.
Дар Паёми навбатӣ масъалаи тақвияти соҳаҳои иҷтимоӣ ҷойгоҳи хос дорад, ки тибқи дастури Пешвои миллат маоши кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ аз 20% то 25% зиёд карда шуд.
Ин тадбирҳо барои баланд шудани қобилияти харидории аҳолӣ мусоидат намуда, омили муҳими коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар солҳои охир то сатҳи 19 % поён оварда шудааст.
Ҳамин тавр, хулоса намудан мумкин аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади стратегии давлатӣ робитаи мантиқии байни сиёсати иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва суботи сиёсиро таъмин менамояд.
Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат заминаи боэътимоди рушди устувор ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам оварда, мақоми кишварро дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳким мебахшад.
Дар маҷмуъ, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самти возеҳи рушди иқтисоди инноватсионӣ ва инсонмеҳварро муайян менамояд. Меҳнат, шуғл ва таҳсилоти калонсолон дар ин ҳуҷҷат ҳамчун унсурҳои ба ҳам вобаста ишора шуда, татбиқи самараноки онҳо метавонад ба рушди устувори иқтисодӣ, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими истиқлолияти иқтисодии кишвар мусоидат намояд.
Паём на танҳо таҳлили вазъи кунуниро пешниҳод мекунад, балки ҳамчун роҳнамо барои амалҳои мушаххас дар самти бунёди иқтисоди рақобатпазир ва ҷомеаи донишбунёд хизмат менамояд. Бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Роҳбари давлат барои рушди иқтисодиёт ва беҳтар гардидани шароити зисту зиндагонии шаҳрвандон хеле зиёд буда, бештар талош менамоянд, ки то сокинони кишвар саодатмандона зиндагӣ намоянд ва ин ғамхории падаронаи Роҳбари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Раҳматов Абдумавлон
омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
