Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ ва ҳастии миллат мебошанд. Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, баргузории чорабиниҳои расмию сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳам дар зиндагии ҳаррӯзаи мардум мавқеи муҳим дорад.
Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ аст. Барои ҳар миллат парчам нишонаи ифтихор, сарбаландӣ ва садоқат ба Ватан маҳсуб мешавад. Он на танҳо маънои сиёсӣ, балки арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва рӯҳониро низ таҷассум менамояд.
Тоҷикон ҳамчун яке аз халқҳои қадимаи Осиёи Марказӣ таърихи деринаи давлатдорӣ ва рамзшиносӣ доранд. Дар давраи Сомониён рамзҳои давлатӣ бештар аз рангҳои сурх ва зард иборат буданд, ки рамзи шуҷоат, адолат ва шукуфоӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Дар давраҳои минбаъда рангҳои сафед ва сабз ҷойи махсус доштанд, зеро онҳо рамзи покӣ, некуӣ ва робитаи инсон бо табиат ба шумор мерафтанд.
Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929, парчами давлатӣ бо унсурҳои шӯравӣ қабул шуд. Соли 1953 бошад, парчами нав аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат гардид, ки ҳамин се ранг баъдан ба парчами миллии Тоҷикистон ворид шуданд.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, зарурати қабули рамзҳои нав ба миён омад. 24 ноябри соли 1992, дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул карда шуд. Ин сана оғози давраи нави давлатдории миллӣ гардид.
Тавсифи парчами давлатӣ
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст:
Сурх – рамзи истиқлолият, ҷасорат ва ваҳдати миллӣ;
Сафед – рамзи покӣ, сулҳ, адолат ва барфҳои сафеди кӯҳистон;
Сабз – рамзи зиндагӣ, табиат ва кишоварзии дастеҳосил.
Дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгиранд.
Тоҷ рамзи соҳибдавлатӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Ҳафт ситора бошад рамзи камол, бахт ва муқаддасоти фарҳанги тоҷикон аст, зеро рақами ҳафт дар фарҳанги тоҷикон рамзи баракат ба шумор меравад.
Рӯзи Парчами давлатӣ
Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007, санаи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ муқаррар шуд. Ҳар сол дар ин рӯз мардуми кишвар ифтихор аз Ватан ва садоқати худро ба давлату миллат ҷашн мегиранд.
Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар санаи 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноии он 60 метр мебошад. Парчами мо нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо он қасам ёд мекунанд ва дар назди он бо нишони эҳтиром сар фуруд меоранд. Муносибати эҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ва қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба миллат ва давлату давлатдорӣ бошад. Аз ин рӯ, моро мебояд имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами миллии худ ифтихори комил дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа талқин намоем. Чанд рӯз муқаддам мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем.
Дар иртибот бо ин мехостем таъкид намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълом доштаанд: «Мо дар зарфи 34- сол бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузоштем ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзаминро таъмин намуда, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодатро муҳайё хоҳем кард». Итминони комил дорем, ки мо таҳти ҳидоятҳои хирдмандонаи Пешвои муаззами миллат ва бо партавафшонии Парчами миллии хеш ба ин ҳадафҳо мерасем.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ваҳдат, сулҳ ва истиқлолияти миллӣ аст. Он дар қалби ҳар як шаҳрванд ҳисси ватандорӣ, масъулият ва ифтихорро бедор месозад. Парчам рамзи он аст, ки миллати тоҷик таҳти сояи истиқлол ва ваҳдати миллӣ роҳи пешрафт ва шукуфоии Ватанро идома медиҳад.
ТОҶИБОЕВА МАНЗУРА
дотсенти кафедраи забони давлатӣ
ва забонҳои хориҷии Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон
