ПАРЧАМИ МО-РАМЗИ ИФТИХОР, САРБАЛАНДӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!

Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Парчам дар осори адибони гузаштагони мо бо вожаҳои гуногун ифода ёфтааст. Чунончи, дар “ Шоҳнома” калимаи хуч чунин маънидод шудааст: хуч-матои нафиси сурхе, ки бар найза кунанду парчам созанд. Калимаи аждаҳо бо маънои аслии худ омада, инчунин маҷозан вожаи Заҳҳок, шамшер, асп ва дирафш-парчамро ифода кардааст:
Падид омад он аждаҳофаш дирафш,
Шаби тираву рӯи гетӣ бунафш.
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Москва-1969) калимаи алам ба маънои байрақ, ливо, дирафш, нишон, аломат, гурӯҳе аз лашкар, одамони зери як байрақ ва ғайра омадааст. Он бештар маънои маҷозӣ дошта, ба нур, ранг, рӯшноӣ ташбеҳ мешавад. Ҳангоми хондан ҷилою ҷилваи парчамро ба хубӣ эҳсос менамоем. Маҳз дар асарҳои худ адибон шукуҳ ва манзалати алам, парчамро бо сад гуна рангу тобиш ташбеҳ додаву васф намудаанд. Байте аз ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин маънист:
Хисрави субҳ чун алам барзад,
Лашкари шомро ба ҳам барзад.
Бо соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоию сиёсӣ зарурати қабули рамзҳои давлатӣ низ пеш омад. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикист 21 ноябри соли 1992 ба рӯзномаи он масъалаи қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчаму Нишон низ ворид шуд. Баҳс атрофи рамзҳои давлатӣ тӯлонӣ ва ҷиддӣ сурат гирифт. Аз ин сабаб ба комиссияи масъул супориш дода шуд, ки намунаҳои пешниҳодшудаи Парчаму Нишони давлатӣ такмил дода шаванд. Дар маҷлиси бегоҳии Иҷлосия 24 ноябр депутатҳо муҳокимаи лоиҳаи Қонуни «Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро идома доданд. Иҷлосия баъди мубодилаи афкор ва ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодҳо дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона қабул карда, ба муносибати қабули рамзҳои нави давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дахлдор дохил намуд.
Ҳамин тариқ, соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ –Парчами давлатӣ гардид. Аз миёни вожаҳои гуногун вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз вожаи қадимӣ ва тоҷикӣ –Парчамро интихоб ва қабул намуданд. Баъдан, 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Боби дуюми қонуни мазкур «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаҳои 5 ва 6) ном дошта, дар он тартиби афрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Аз ҷумла, дар банди 2 моддаи 5-уми қонун муқаррар шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Парчами давлатӣ дар ҳавопаймо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, низ ҷойгир карда мешавад.
Он аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мост. Борҳо шоҳиди лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу пурифтихор ва муассир ҳастем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои садоқат ба халқу Ватан, хизмати фидокорона ба мардум савганд ёд карда, сари таъзим ба Парчами давлатӣ фуруд оварда, бо эҳтирому эътиқод онро бӯсида, ба чашм молидаанд.
Дар арафаи таҷлили 20 -умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр расман ифтитоҳ гардид. Он дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ низ барафрохта мешавад ва рамзи соҳибихтиёрию соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як Тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.
Ҳамаи рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ як вазифаро иҷро намуда, дорои як ҷараён мебошанд, онҳо давлатеро муаррифӣ мекунанд, ки мақсаду вазифаҳои он дар ин рамзҳо ҷойгир шудааст. Аз мафҳуми рамзҳои давлатӣ бармеояд, ки онҳо аҳамияти муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дошта, моҳияти он пеш аз ҳама аз эҳтироми мардум ба Парчам, Нишон ва Суруди Миллии худ шаҳодат медиҳад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни рамзҳои давлатӣ яке аз мавқеи асосиро ишғол намуда, он таҷассумгари ғояи миллии давлати Тоҷикистон мебошад.
Асоси ҳуқуқии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама сарчашма мегирад аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи моддаи 3-юми Конститутсия, рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.
Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12-уми майи соли 2007 мавриди амал қарор дода шудааст, ки то қабули қонуни мазкур масъалаҳои марбут ба парчами давлатӣ аз ҷониби низомнома “Дар бораи Парчами давлатӣ”, ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ шуда буд ба танзим медароварад.
Дар муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омада шудааст, ки «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ» рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Яъне ин се рамзи номбаршуда рамзҳои асосии соҳибихтиёрии давлат ва таҷассумгари мероси таърихию-фарҳангии мардуми тоҷик буда, руҳбаландӣ ва арзишмандии ин мардуми куҳанбунёдро дарҷ менамояд. Ҳар як рамзҳои давлатӣ нишона аз тайкунии роҳи таърихии давлат ва мардуми тоҷик мебошад.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, Парчам ин ифодагар ва мансубияти шаҳрвандони тоҷикро ба давлати Тоҷикистон ифода менамояд. Яъне агар шаҳрвандӣ ин робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии байни шахс ва давлат бошад, дар ин робита нақши асосиро пачами давлатӣ иҷро мекунад. Яъне парчам ин ифодагари мансубияти шахсро ба давлат нишон медиҳад.
Масъалаи истифодаи Парчами давлатӣ, хеле муҳим буда, риоя намудани талаботи қонун нисбати он ба шаъну шарафи давлатдорӣ вобастагӣ дорад.
Тибқи моддаи 5 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки мувофиқи он парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
– дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.
Истифодаи парчами давлатӣ ҳамчун ифодагари манфиати Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ шукуҳу шаҳомати хоса пайдо мекунад.
Аҳамияти сиёсии Парчами давлатии Тоҷикистон дар партавшонии он дар Созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхона ва консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишти ва ҳавопаймои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гашта, беэҳтиромии парчами давлатӣ аз тарафи ин ё он мақомоти давлатии хориҷа маънии зоҳир кардани беэҳтироми ба давлати Тоҷикистонро дорад.
Эҳтиром гузоштан ба давлат ин аз эҳтироми рамзҳои давлатӣ сарчашма мегирад.
Аз лиҳози ҳуқуқӣ аксари шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла аз ҷониби ҳар се шохаи ҳокимият, аз ҷумла: ҳангоми савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳое, ки бори аввал ба мансаб таъин карда мешаванд, узви маҷлиси миллӣ ва вакилони маҷлиси намояндагон ва аксар шахсони мансабдори хизмати давлатӣ, ки бори аввал ба мансаби хизмати давлатӣ таъин карда мешаванд, дар назди парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ савганд ёд мекунанд.
Мо бояд дар дили ҳар фард аз синни кӯдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ тарбия намоем.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари мустақилият ва волоии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон буда, эҳтироми он ва расидан ба қадри он вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи тоҷик мебошад.
Парчами мо – рамзи ифтихор, сарбаландӣ ва ваҳдати миллати тоҷик аст!
ҶАЛОЛОВА ЗӮҲРОХОН
мудири кафедраи забони давлатӣ
ва забонҳои хориҷии Донишкадаи
кӯҳию металлургии
Тоҷикистон н.и.п.,дотсент