ПАЙКИ НЕК АЗ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ- ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

Тибқи иттилои ба даст омада аз раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии донишкада дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ” донишҷӯи бахши дуюм Аминзода Хисрав соҳиби ҷойи аввал, магистранти донишкада Қозизода Муҳсин соҳиби ҷойи  дуюм, дар номинатсияи “География” Нуриллозода Ҷумъабой соҳиби ҷойи сеюм ва омӯзгори ҷавон ва фаъоли донишкада Анӯшервон Почоев дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ” соҳиби ҷойи сеюм гардиданд, ки ин ҳам пайки нек ва натиҷаи хуб мебошад.

Ин дастовардро ба ҳайати профессорию омӯзгории донишкада табрик намуда, ба ғолибон барои дастовардҳои навбатӣ дар даври ҷумҳуриявӣ комёбӣ таманно менамоем.

Шуъбаи иттилоот

📝М. Саидов