Дар охирин рӯзҳои соли 2025 кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика бо гузаронидани ҳафтаи кафедра таҳти унвони “НБО Роғун- ба ҳар хонадон сафо мебахшад” солро ҷамъбаст намуд.
Дар доираи ин ҳафта, чандин чорабиниву мулоқотҳои, конфронсу семинарҳо дар Донишкада аз ҷониби кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика гузаронида шуд.
Аз ҷумла мулоқот бо бошандагони муқими хобгоҳ, баргузории мизи мудаввар бо иштироки намояндагони ширкати шабакаҳои тақсимоти барқ, семинари илмӣ-амалӣ, семинари илмӣ-назариявӣ ва дигар чорабиниҳои хотирмону омӯзишӣ аз чорабиниҳое буд, ки кафедраи таъминоти барқ гузаронид.
Ёдовар мешавем, ки факултети электромеханика яке аз факултаҳои пешқадам дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, зери роҳбарии декани факултет профессор Қозизода Камолиддин ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид.
Дар охирин лаҳзаҳои соли 2025 ва оғози соли 2026 ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада ду нафар омӯзгори фаъол ва пешқадам Ҳоҷизода Саидмуқбилро бо тасдиқи рисолаи докторӣ дар соҳаи техникӣ ва Сафарзода Мулоохунро бо тасдиқи рисолаи номзадӣ дар соҳаи улуми филология аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд, ки аз хабарҳои охирини соли 2025 ва оғози соли 2026 мебошад.
Шуъбаи иттилоот

