Илми энергетика қонуниятҳои равандҳо ва ҳодисаҳоеро меомӯзад, ки барои ба даст овардан ва ё истифода бурдани захираҳои энергетикӣ, эҷод намудани дастгоҳҳову таҷҳизоти истеҳсолкунанда, табдилдиҳанда, интиқолдиҳанда ва истеъмолкунандаи намудҳои гуногуни энергия равона шудаанд. Ин илм маҷмӯи донишро доир ба хусусиятҳо ва таъсири байниҳамдигарии шохаҳои энергетика, таъсири онҳо ба ҷамъият дар арсаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ илмӣ – техникӣ ва муҳити зист дар бар мегирад. Чунин шарҳи мафҳуми илми энергетика ба мафҳуми умумии илм ҳамчун намуди шуури ҷамъиятӣ мувофиқ аст, ки дар системаи ба тартиб гузоштаи донишҳо акс ёфтааст ва дар раванди пешравиҳои иҷтимоӣ ва илмӣ – техникӣ ба он ислоҳ ва иловаҳо дохил карда мешаванд. Пойдевор ва ё таҳкурсии илми энергетика риёзист, физика, автоматика ва воситаҳои техникаи ҳисоббарор буда, дар пайвастагӣ бо фанҳои электротехника. Техникаи гармӣ, ҳидротехника ва дигар фанҳои илмӣ зич инкишоф меёбад.
Равандҳои зудгузаранда ва иқтидорҳои азими энергетика талаб менамоянд, ки масъалаи идора намудани он сатҳи муосире хеле баланду боэътимод дошта боҳад. Талаб карда мешавад, ки идораи автоматии он бо маънои васеаш таъмин карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар пояи нақшаи тараққиёти мамлакат дар соли 1922 барномаи ГОЭЛРО – барномаи давлатии аз барқ ва сӯзишворӣ таъмин намудани мамлакат гузошта шуда буд, ки дар оянда асоси инкишофи ҳаматарафаи энергетика шуда буд. Илми энергетика мувофиқи навиштаҳои муаллифони гуногун дар се самти асосии зерин инкишоф ёфта истодааст:
1)Омӯхтани қонуниятҳои инкишоф ва таносуби муфидтарини энергетика ва барқтаъминкунӣ, омӯхтани табиату хусусиятҳои системаҳои бузурги энергетикии инкишофёбанда. Мақсади ин тадқиқот такмил додани усулҳои ояндабинӣ, банақшагирӣ ва истифодаи системаи энергетикӣ мебошад.
2)Баланд бардоштани коэффисиенти амали фоидаовари дастгоҳҳои энергетикӣ ва кам намудани таъсири манфии онҳо ба муҳити зист, такмили усулҳои ба даст овардан, табдилу интиқол, тақсимоти захираҳои энергетикӣ ва намудҳои гуногуни энергия.
3)Эҷод намудани усулҳо ва воситаҳои ба даст овардани энергия ва табдили намудҳои гуногуни энергия ба энергияи электрикӣ ва истифодаи он дар дастгоҳҳои гуногун. Ин самт бо илми физика зич алоқаманд мебошад.
Энергетика ҳамчун системаи кулл, аз чунин зерсистемаҳои фаннӣ ба монанди энергетикаи умумӣ, идора намудани он, ки дар худ идора кардани энергетикаи барқ, ҳидроэнергетика ва энергетикаи ҳароратиро дар бар мегирад, иборат мебошад. Таъмин намудан аз сӯзишворӣ ва гармӣ, ки таъминотро бо ангиштсанг, газ, нафт, торф ва сӯзишвории ҳастаӣ дар бар мегирад, низ ба энергетика мансуб мебошад.
Нақши муҳандис дар ҷомеаи тараққикарда бузург буда, пешравии тамаддун дар наздашон масъалаҳои наверо мегузорад, ки сатҳи донишу малакаи баланди ихтисосиро талаб менамояд. Барои ҳамин ҳам бо мурури вақт муҳандисон на фақат дар пайи иҷрои барномаҳои рӯз, ҳамчунин бояд ба касбу меҳнаташон эҷодкорона муносибат дошта бошанд, чунки боз ҳам баландтар шудани нақши онҳо пешбинӣ шудааст.
Дар шароити муосир, ки мамлакатҳои дорои иқтисодиёти пешрафта нақшаи истифодаи васеи нанотехнологияро дар истеҳсолот доранд, нақши муҳандис масъулиятноктар ва эҷодкоронатар шуда, маънои ибтидоиашро соҳиб мешавад.
Дар оянда, ки ба ӯҳдаи воситаҳои электронии ҳисоббарорӣ – компютерҳо корҳои бисёртарро мегузоранд, имконияти боз ҳам васеътари эҷодии муҳандисон ба вуҷуд меояд.
Муҳандисони варзидаи соҳаи барқро донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар сатҳи баланд тайёр намуда истодааст. Ҳоло якчанд шогирдони ин донишкада дар соҳаҳои гуногуни барқ кор ва фаъолият бурда истодаанд. Дар кафедраи таъминоти барқи донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон се то лабораторияҳои ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ таҷҳизонида шудааст.
Дар ин кафедра омӯзгорони соҳаи барқи баландихтисос ба монанди номзади илми техникӣ Тошхоҷаева М, н.и.т. Абдуллоев М.А., н.и.ф/м дотсент Шамсиев Р.М., н.и.и. Ҳомидова М.И. муаллимони калон Абдулламидов Н, Мирхолиқова М.А. кор ва фаъолият бурда истодаанд.
Ин имконият медиҳад, ки муҳандисон дастовардҳои илмиро дар муддатҳои кӯтоҳтарин дар истҳсолот татбиқ намуда, маҳсулнокии меҳнатро афзун намояд, ки он омили баланд шудани некуаҳволии халқ мегардад. Дар қатори дигар муҳандисон – энергетикҳо, хусусан дар ҷумҳурии мо, ки пояи рушди иқтисодиёти он асосан ҳидроэнергетика мебошад, бояд мутахассисе бошанд, ки эҷодкорона, ба дараҷаи баланди илмӣ ва техникӣ масъалаҳои дар пешашон гузоштаро ҳал намоянд.
Энергетика ҳамчун омили демографӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба муносибати тарафайни давлатҳо таъсир намуда, дар аксари ҳолатҳо сиёсати як қатор мамлакатҳоро муайян намуда, нақши боз ҳам муҳимтарро хоҳад бозид.
Сол то сол талабот ба энергия афзуда, маҷбур менамуд, ки захираҳои нави энергетикӣ ва усулҳои нави табдил додани энергия аз як намуд ба намуди дигар пайдо карда шаванд. Истифодаи энергияи химиявии сӯзишвории органикӣ, энергияи механикии ҷараёни оби дарёҳо ва баҳрҳо, энергияи Офтобу бод ва энергияи дохили ҳастаӣ имрӯзҳо маъмул аст. Зиёда аз 40 сол аст, ки мамлакатҳои пешқадаму тараққикардаи ҷаҳон дар самти аз худ намудани энергияи синтези термоядроӣ тадқиқотбурда истодаанд, ки дар натиҷаи он миқдори ниҳоят бузурги энергия хориҷ мешавад. Агар инсоният роҳи ба даст овардани идораи синтези термоядроиро ҳал карда тавонад, он гоҳ дар муддати тӯлонии таърих масъалаи таъминот бо захираҳои энергетикӣ аз байн меравад. Ҳаёти имрӯза бе энергияи электрикӣ ғайриимкон мебошад. Қатъ шудани таъминот бо барқ боиси қатъ шудани кори тамоми саноат, равандҳои технологӣ ва кори нақлиёт шуда, дар системаи таъминоти зист мушкилиҳои беандозаро ба вуҷуд меорад.
Инсоният қобили он гаштааст, ки иқтидорҳои азим ва миқдори бузурги энергияро ба тарзи сунъӣ ба даст меорад. Албатта он нисбат ба энергияе, ки дар як сол Офтоб онро ба Замин дорои сатҳи 500*106км2 ба андозаи 7,5 *1017кВт*с, (ба миқдори 85600млрд* кВт рост меояд) медиҳад, тахминан 9,0 – 9,4* 103 маротиба камтар мебошад.
Захираҳои энергетикӣ ба захираҳои барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мешаванд.
Ба захираҳои барқароршаванда он намудҳое дохил мешаванд, ки дар табиат вуҷуд дошта, бе танаффус барқарор мешаванд, ки мисоли он об, нури Офтоб, бод ва ғ. шуда метавонанд.
Ба захираҳои барқарорнашаванда инҳо дохил мешаванд: ангиштсанг, нефт, газ ва ғ.
Энергияе, ки аз сӯзишворӣ ба даст оварда мешавад, энергияи ибтидоӣ номида мешавад. Энергияе, ки баъди табдили энергияи ибтидоӣ дар нерӯгоҳҳо ба даст оварда мешавад энергияи сонӣ меноманд. Вобаста ба намудҳои энергияи ибтидоии истифодашаванда, ки дар нерӯгоҳҳо мубаддал мешавад, ба онҳо ном гузоштаанд. Чунончи нерӯгоҳи барқии ҳароратӣ (НБАл-ТЭС) энергияи гармиро ба энергияи электрикӣ (сонӣ), нерӯгоҳи барқии обӣ (НБО-ГЭС), нерӯгоҳи барқии атомӣ (НБА-АЭС) ва ғ. мубаддал мекунанд.
Адабиётҳо:
- Давлатшоев Д.Д., Қассобов Л.С. Муқаддимаи фанни энергетика.Китоби таълимӣ – Душанбе, Промэкспо, с.2012,172с.
- Веников В.А., Путянин Е.В. Введение в специальность электроэнергетика: Учеб., для вузов. Под редакцией В.А. Веникова.-2-еизд., пероераб. И доп.-М: Высщая школа, 1988г.
- Веселовский О.Н., Шнейберг Я.А. Энегетическая техника и ее развитие. Учебное пособие, М: 1976г.
- 4. Нурмуҳамадов Ҷ.Н. Барқи обии Тоҷикистон: Захираҳо ва нақшаҳо- Душанбе: Эҷод, с.2005.
Мирхолиқова М.А. муаллими калони кафедраи таъминоти барқи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
