ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

 

Санаи 29 майи соли 2025, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон давраи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба шахсият ва осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бедор намудани шавқу рағбати мутолиа дар миёни ҷавонон баргузор шуда, дар он донишҷӯёни фаъоли бахшҳои гуногун иштирок намуданд.

 

Ғолибони озмун:

  • Ҷои якумБобомирзоев Беҳзод Дилшодович, донишҷӯи бахши 1, ихтисоси 250108-05
  • Ҷои дуюмХудойдодов Ардашер Алишерович, донишҷӯи бахши 1, ихтисоси 510201
  • Ҷои сеюмАшурзода Шоҳниёз Зикриё, донишҷӯи бахши 1, ихтисоси 36040203
    Вализода Ҷонибек, донишҷӯи бахши 1, ихтисоси 250108-05

Мувофиқи низомномаи озмун дар донишкада ҳайати комиссияи озмунӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба баҳогузории одилона ва холисонаи иштирокчиён нигаронида шуда буд.
        Ҳайати комиссия:

Раис: Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ  – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректор донишкада

Аъзоён:

         Осми Оқил. – н.и.т., дотсент, сардори раёсати таълим;

Абдуллоев И.Р. – н.и.т., дотсент мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ;

Тоҷибоева М.И. –  н.и.п., и.в.дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

Ҷалолова З.А.- н.и.п., и.в.дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

Холова Ф.Ф.- муовини декан оид ба корҳои илми факултети электромеханика;

Насриддинов Ш.А. – сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон;

Исоева А.Т.- муовини декан оид ба корҳои илми факултети корҳои кӯҳӣ

Мамадқулова Р.О. – мутахассиси шӯъбаи аспирантура ва магистратура

Котиби комиссия: Шерматова З.Р. – китобдори дараҷаи 1

Озмун дар сатҳи баланди ташкиливу мазмунӣ баргузор гардид. Донишҷӯён бо омодагии амиқ ва фаҳми баланди муҳтавои асарҳои Пешвои миллат баромад намуданд. Ин ҳолат далели равшани сатҳи баланди маънавият, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми донишҷӯён нисбат ба осори Пешвои миллат ба шумор меравад.

Ин гуна чорабиниҳо барои таҳкими ҷаҳонбинии сиёсӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва тарбияи насли бедордилу ватандӯст нақши муассир мегузоранд ва ба баланд гардидани нуфуз ва обрӯи донишкада дар сатҳи ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

 

 

 

Сардори раёсати илм, инноватсия ва

робитаҳои байналмилалӣ

Мирсаидова Ф.А.