
Устодони гиромӣ ва шогирдони азиз!
Боиси фараҳу шодист, ки таҷлили Рӯзи дониш имсол дар донишкада бо дастовардҳои баланд ва натиҷаҳои назаррас таҷлил карда мешавад. Зеро мо ба донишу маҳорат ва малакаву муҳаббати донишҷӯён ва касбияту садоқати омӯзгорон боварии комил дорем.
Илму маориф дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, маҳз бо талошу заҳматҳои бевоситаи ин шахсияти маорифпарвар соҳаи мазкур рушд намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар садҳо ҳазор мактабу муасисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ҳамаи ин имрӯз омодаи қабули донишандӯзон ҳастанд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маорифи миллӣ рушд намуда, ҷиҳати бештар бо таҳсил фаро гирифтани ҳамватанонамон ба таҳсил дар шароити беҳтар иқдомҳои беназир анҷом дода шуд.
Насли ҷавон, бояд ба қадри ин ҳама талошҳо ва хидматҳо расида, тамоми донишҳои замонашро аз бар намояд, то дар оянда барои пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузошта тавонад. Тоҷикистон аз насли ҷавонаш умеди калон дорад ва бар ин ният ҳастем, ки насли ояндасози кишвар ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба назар гирифта, содиқона ба давлату миллат хидмат менамоянд ва дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми босазои хешро мегузоранд.
Дар ин замина, мо ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон талош менамоем, ки дар Панҷсолаи рушди саноат бо омода намудани мутахассисони варзидаи саноат саҳми боризи хешро гузорем.
Ба ҳамин хотир, ҳаматарфа талош меварзем, то ҳиссаи хешро дар рушди саноати кишвар гузошта бошем ва барои ин аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамоем. Зеро рушди саноат ин рушди иқтисодиёт ва беҳгардии зисту зиндагии шоистаи ҷомеа мебошад.
Умедвории онро дорам, ки донишҷӯёни донишкада бо дасту дили гарм ва нияти пок соли нави таҳсилро оғоз намуда, сарбаландона барномаҳои таълимиро аз худ менамоянд ва дар ин давра аз хеш рафтори намунавӣ нишон медиҳанд.
Рӯзи донишро ба ҳама донишандӯзон табрику таҳният намуда, хоҳони саодатмандиву сарбаландӣ ва муваффақияти ҳамешагии тамоми муҳассилин ва насли ҷавон ҳастам!
Рӯзи дониш муборак бошад!
Бо камоли эҳтиром,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ