Номаи сипоси профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба муовин оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон

Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахонро ба муносибати бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2025,  барои фаъолияти пурсамар, талошҳои пайваста ва меҳнати софдилонаву содиқона сипосмандӣ намуда, барояш барору муваффақият ва комгорӣ таманно намуда Номаи сипоси роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро тақдим намуд. 

Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз фаъолияти пурсамари Раҳимова Шаҳнозахон ва талошҳояш барои рушди илму инноватсия дар Донишкада тавсиф намуда, изҳор дошт, ки хидматҳои муаллима дар ҷоннок гардидани кори маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷоди ҳавзаи илмӣ дар муассиса беназир аст ва мо ҳама талошҳои муаллимаро қадр менамоем. Ҷомеаи меҳнатии Донишкада аз талошҳои муаллима хеле мамнун сипосгузор  мебошанд, ки ин боиси ифтихор аст.

Зимни супоридани номаи сипос ректори донишкадаро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ҳамроҳӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Раҳимова Шаҳнозахон аз бонувони ғамхору дилсӯз, хоксору самимӣ, поксиришт ва меҳнатдӯсту масъулиятшинос буда, ҳамчун муовини илм ва инноватсия хеле фаъолона меҳнат намуда, барои рушди илм, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Донишкада саҳми арзишманд гузоштааст.

Шуъбаи иттилоот