НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 1 август дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) бо иштироки Раёсати донишкада ва тақрибан 25 нафар рӯзноманигорони телевизион, радио, нашрияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ бахшида ба ифтитоҳи озмоишгоҳи энергияи барқароршавандаи бодӣ ва офтобӣ баргузор гардид.

Дар оғози нишаст ректори донишкада, д. и. и., профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо сухани муқаддимавии худ ба кори нишаст оғоз бахшид.

Зимни нишаст ректор мухтасар дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 гузориши муфассал ироа намуд.

Гуфта шуд, ки дар ин давра дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон корҳои муҳими тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо истифода аз технологияҳои пешрафта, барои эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ва илмию таҳқиқотӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ ба роҳ монда шуда, озмоишгоҳи энергияи барқароршавандаи бодӣ ва офтобӣ таъсис ёфт. Намояндагони васоити ахбори омма аз ин озмоишгоҳ аз наздик боздид намуданд.

Ин иқдом, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, заминаи устувор барои омода намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ва миллӣ фароҳам овард.

Ҳамчунин, дар ин давра Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалии худро бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои ҷаҳон густариш дода, чандин созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонид. Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ байни ДКМТ ва Донишгоҳи захираҳо ва ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкили барномаи муштараки таҳсилоти “2+2” аз рӯи ихтисоси «Технологияи таҷҳизоти заргарӣ» ва тайёр кардани мутахассисон барои соҳаи заргарӣ ба имзо расид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз соҳаи заргарӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи коргоҳи заргарӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Афзалияти фаъолияти илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар рушди таҳқиқоти амалӣ ва инноватсионӣ ифода меёбад, ки ҳадафи асосии он ҳалли масъалаҳои калидии соҳаҳои саноати кӯҳӣ, металлургия, геология, корҳои нафту газ, энергетика ва экология мебошад.

Дарёфти лоиҳаҳои грантӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар асоси онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада ба ҳисоб меравад. Лоиҳаҳои грантӣ имконият фароҳам меоранд, ки базаи моддию техникии донишкада ва кафедраҳо тақвият ёбанд, инчунин натиҷаҳои илмии муҳаққиқон дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гарданд.

Инчунин, моҳи январи соли 2025 ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 лоиҳаи инноватсионӣ бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ пешниҳод карда шуд.

Дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист” дар семоҳаи аввали соли 2025 дар назди кафедраи экология ва Парки инноватсионӣ ва технологии ДКМТ гармхонаи муосир бо низоми обёрии гуногун (қатрагӣ ва ғайра) таъсис дода шуд. Ин гармхона барои баргузории дарсҳои амалӣ вобаста ба якчанд фанҳои таълимӣ истифода мешавад.

Донишкада дар оянда ба дастовардҳои боз ҳам бузургтар ноил хоҳад гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки санаи 17 июли соли 2025 дар шаҳри Бӯстон мулоқоти муҳими корӣ миёни роҳбарони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндаи Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ дар доираи ҳамкории амалии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Созмони ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист” баргузор шуд. Ҷонибҳо садоқати худро ба ҳамкории муштарак дар самти ҳифзи муҳити зист, рушди устувор ва тарбияи насли нави мутахассисони баландпоя, ки қодиранд ба мушкилоти экологӣ ва геологӣ дар минтақа вокуниши муассир нишон диҳанд, таъкид намуданд.

Дар робита ба ин, бо дарназардошти аҳамияти стратегии мавзӯи рушди устувор, экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин бо мақсади таҳкими минбаъдаи робитаҳои байналмилалии донишкада, пешниҳод мегардад, ки имконияти таъсиси Осорхонаи таърихи рушди саноати атомӣ дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баррасӣ гардад ва то моҳи декабри соли ҷорӣ дар доираи нақшаи амал татбиқ шавад.

Таъсиси чунин осорхона метавонад на танҳо ба ҳайси як минбари илмӣ-маърифатӣ хизмат кунад, балки ҳамзамон рамзи истифодаи осоиштаи неруи атом, тарғиби равишҳои муосири экологӣ ва тавсеаи муколамаи академии байналмилалӣ гардад.

Боиси хурсандист, ки лоиҳаи донишкада расман дар доираи ташаббуси Маркази ҳамкории илмӣ ва технологӣ байни Корея ва Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Вазорати илм ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Корея дастгирӣ мешавад, тасдиқ гардид. Ин ҳамкорӣ дар шарикӣ бо Кластери инноватсионии Инчхон ва Донишгоҳи миллии Инчхон амалӣ мегардад. Мо ифтихор дорем, ки дар рушди равобити илмӣ байни Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ саҳм мегузорем ва мубодилаи таҷриба, навоварӣ ва рушди мутақобиларо дар соҳаҳои илм, технология ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пеш мебарем.

Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби Барномаи Иттиҳоди Аврупо — Эразмус Плюс лоиҳаи навбатии ДКМТ тасдиқ гардид. Лоиҳаи Green Central Asia – GreenCA ба такмили таҳсилоти самти идоракунии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ равона шудааст. Ин тавассути ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо тасдиқшуда оид ба экология ва иқтисодиёти даврӣ дар шаш донишгоҳ то соли 2028 амалӣ мешавад. Лоиҳа ҳадаф дорад, ки ба ҳалли мушкилоти бахшҳои об ва энергетика мусоидат намояд ва донишҷӯёну кормандонро барои идоракунии устувори захираҳо омода созад.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо роҳбарии ректор, д.и.и., профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр, дар самтҳои таълим, илм, инноватсия ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Таъсис додани озмоишгоҳи энергияи барқароршаванда, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ бо Кореяи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Аврупо, густариши созишномаҳои ҳамкорӣ ва дастгирии фаъолияти илмӣ мақоми донишкадаро дар фазои илмӣ-амалӣ боз ҳам таҳким бахшид. Донишкада омода аст дар оянда низ ба натиҷаҳои боз ҳам бузургтар ноил гардад.