Низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои сарфаи барқ

  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тибқи маълумотҳои расмӣ, дорои захираҳои бойи – энергетикии барқароршаванда аст, ки имкониятҳои потенсиалии он дар як сол ба 527 млр. кВт *соат – ро ташкил медиҳад,вале аз сабаби ҷой доштани муаммоҳои зиёд, ҳоло ҳамагӣ 5-6 % – и он дар амал истифода бурда мешаванд. Ин барои мо имконият  медиҳад, ки мо ҳарчи бештар корхонаҳои  саноатӣ бунёд карда шаванд.

Бунёди  корхонаҳои нав, дуруст ва аз рӯи меъёр таъминкунии онҳо бо барқ яке аз самтҳои асосии баланд бардоштани иқтисодиёти худи корхона ва ба сарфаи нерӯи барқ мусоидат мекунад.

Низом ва шабакаҳои барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини бархе аз таҷҳизотҳои барқӣ, балоиҳагирии хатҳои интиқоли барқи ҳавои ва кабелӣ дар шабакаҳои барқии маҳаллӣ ва ноҳиявӣ, истифодабари ва хизматрасони бо нишондиҳандаҳои баланди техники – иқтисодӣ, кам кардани талафоти тавоноӣ ва қувваи барқ, баланд бардоштани эътимоднокии   низом ва шабакаҳои барқӣ мебошад.

Барои ба низом даровардани шабакаҳои барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зеринро талаб менамояд, танзими шиддати номиналӣ, система ва шабакаҳои барқӣ, сохтани хати интиқоли барқ, тағиротҳои нақшаи ивазкунӣ ва параметрҳои ҷузъҳои шабакаҳои барқӣ, параметрҳои нақшаи ивазкунии трансформаторҳо, хусусиятҳои асосии истеъмолкунандагонӣ барқ, графики сарбории истифодабарандагони барқӣ, талафоти тавонои ва қувваи барқ дар ҷузъҳои шабака, диаграмаи вектории хатҳои интиқоли барқ, ҳисоби реҷаҳои шабакаҳои барқӣ, ҳисоби шабакаҳои маҳалли бо талафоти шиддат, аз рӯи талабот интихоби бурриши кӯндалангии ноқилҳо аз рӯи талафоти додашудаи шиддат, ҳисоби реҷаҳои шабакаҳои соддаи сарбаст, ҳисоби реҷаҳои шабакаҳои душвор сарбаст, баробаркунии тавоноӣ дар низоми барқӣ, схемаҳои шабакаҳои барқӣ, тавоноии реактивӣ дар низоми барқӣ, истифодабарандагони тавоноии реактивӣ, истеҳсоли тавоноии реактивӣ бо генераторҳои зеристгоҳҳои барқӣ, тавоноии реактивӣ дар низоми барқӣ, ҷубронкунии тавоноии реактивӣ, усули танзимкунии шиддат, таҷҳизотҳои танзимкунии шиддат, ҳисобкуниҳои иқтисодии шабакаҳои барқӣ, реҷаҳои иқтисоднокии низомҳои барқӣ ба инобат гиифта шуда ва ҳангоми ҷори намудани ин масъалаҳои болозикр типқи низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқтаъминкуни хуб ба роҳ монда мешавад.

Вобаста ба ин масъала махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон ҳар як корхона, муассиса новобаста аз шакли моликияташон ва аҳолӣ бояд ба энергиясарфакунӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро ҳам аз назари мантиқӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ энергиясарфакунӣ яке аз захираҳои энергетикии тозатарини экологӣ ва арзон ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии самаранок ва сарфаҷўёна  истифодабарии нерӯи барқ  ин дараҷаи талафоти нерӯи  барқ дар шабакаҳои барқӣ мебошад. Ҳамасола аз ҷониби корхонаҳои ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” нақша-чорабиниҳои техникию ташкилӣ ва чорабинӣ оид ба мукаммалкунии низоми ҳисоб тартиб дода мешавад ва қисми зиёди онҳо амалӣ карда мешаванд. Инчунин барои таъмин намудани талаботи истеъмолкунандагони ба неруи  барқ зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ сохта мешаванд. Бояд зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ самаранок истифода бурда шаванд. Аммо ин кифоя нест.

Захираи зиёди энергиясарфакунӣ ва ҳам захираҳои иқтисодии дохилӣ дар оқилона ва самаранок истифодабарии нерӯи барқу гармӣ аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ мебошад.

Энергиясарфакунӣ ин амалҳои пай дар пайест, ки дар он натиҷаи самарабахшро дар самти сарфаи молиявӣ, коҳиш додани талафоти энергия дар ҷараёни истеҳсол, интиқол ва истифодаи энергия, ҳамчунин афзоиши иқтидори энергетикӣ, ба даст овардан мумкин аст. Барои ин   амалҳои зерин гузаронида мешаванд: ба ҳисобгирӣ, назорат, аудити энергетикӣ, сарфаи энергия.

Марҳилаи якуми энергиясарфакунӣ – баҳисобгирӣ мебошад. Ҷорӣ намудани дастгоҳҳои ҳисобкунак имкон медиҳад, ки дар бораи истифодаи воқеии нерӯи барқ ва гармӣ маълумоти боэътимод ба даст оварда шавад.

Баҳисобгирии энергия натанҳо маълумоти муфидро дар бораи истеъмоли воқеии энергия аз ҷониби категорияҳои гуногуни истифодабарандагон медиҳад, балки дар ёфтани манбаъҳои талафоти эҳтимолӣ низ мусоидат менамояд.

Насб намудани дастгоҳҳои ҳисобкунакҳои сарфи нерӯи барқ ва гармӣ дар иншооти гуногун,  истифодаи системаҳои идоракунӣ ва дастрасии фосилавиро ба иттилооте, ки тавассути ҳисобкунакҳо дар бораи масрафи энергия сабт шудаанд, тақозо мекунад. Ин бартариҳои ошкоро ва имкониятҳои иловагиро фароҳам меорад: назорати онлайнии захираҳои истифодашудаи энергетикӣ, таҳияи ҳисоботҳо барои ташкилотҳои таъминкунанда бо энергия, назорати ҳолати техникии ҳисобкунакҳо ва щайраҳо.

  Вобаста ба ин системаҳои идоракунии навро бояд истифода намуд, ки қобилияти интиқоли маълумотро дар форматҳои рақамӣ ва овозӣ дошта бошанд. Танҳо пас аз ташкили дурусти баҳисобгирӣ ва назорати захираҳои энергетикӣ, ощоз намудани аудити энергетикӣ ва таҳияи тадбирҳои сарфаи энергия ба мақсад мувофиқ аст.

Дар доираи аудити энергетикӣ тавозуни истифодаи энергия, манбаъҳои талафоти барзиёд муайян карда мешаванд, ки дар асоси он нақшаи чорабиниҳо оид ба сарфаи энергия тартиб дода мешавад. Рушди онҳоро ба назар гирифта, ҷолибияти сармоягузорӣ, давраҳои пардохт ва арзиши оно муайян карда мешавад.

Дар ин радиф мехоҳем оид ба роҳҳои энергиясарфакунӣ дар хонаҳои истиқоматӣ қайд намоем.

Дар бораи захираҳои энергиясарфакунии бинои истиқоматӣ сухан ронда, мо захираҳои энергияи гармӣ ва барқро дар назар дорем, ки пардохти истифодаи онҳо маблащи хеле зиёдаст.

Аз куҷо сар кардан лозим аст?

Барои муайян кардани он, ки чӣ гуна сарфа кардан мумкин аст ва ҳамзамон чӣ гуна самараро ба даст овардан мумкин аст, муайян кардан лозим аст, ки чӣ қадар энергия ба бинои истиқоматӣ воқеан ворид мешавад ва чӣ гуна сарф мешавад. Барои ин, аудити энергетикӣ ё омӯзиши ҳамаҷонибаи истифодаи энергияи гармӣ ва барқ дар хона, муайян кардани имконияти оптимизатсияи истифодаи он лозим мешавад.

Сарфаи нерӯи барқ дар бинои истиқоматӣ имрӯз як мавзӯи хеле мувофиқ аст ва он ҷое, ки чӣ гуна сарфакориро хеле возеҳ омӯхтаанд, мефаҳманд, ки ин зарур аст.

Пеш аз он ки дар бораи энергиясарфакунӣ гап занем, биёед бубинем, ки чи тавр нерӯи барқ дар хонаи истиқоматӣ истифода карда мешавад.

Ҷадвалӣ 1. Рақамҳо тақрибан гирифта шудааст

Таҷҳизоти барқӣ

Ватт

Чанд соат дар як руз истифода карда мешавад

Истифодабарӣ дар як моҳ, кВт.с

Хароҷот дар як моҳ, сомонӣ (35,36 дирам барои 1 кВт.с)

Чойники электрикӣ

1500

1

45

15,91

Компютер

200

10

60

21,22

Дарзмол

1500

0,5

22,5

7,96

Телевизор

100

10

30

10,61

Яхдон

250

24

180

63,65

Мошини ҷомашўӣ

300

1

9

3,18

Чангкашак

700

0,5

10,5

3,71

Кондисионер

1500

4

180

63,65

Миксер

450

0,3

4

1,41

Тафдон

1000

0,5

15

5,3

Ҳамагӣ:

   

556

196,6

 

Агар мо дар ҷадвал назар адозе ҳамин миқдор нерӯи барқи дар хонаи истиқоматӣ истифода мешударо бо истифода аз маслиҳатҳои зерин сарфаҷўёна истифода барем ба чунин натиҷа ноил мешавем:

  • чароғҳои тафсон бояд бо чароғҳои каммасраф иваз карда шаванд. Масалан ба ҷои 6 чароғи тафсон 6 чароғи каммасрафи 20 ватта истифода мекунем. Онгоҳ мо дар як моҳ 144 кВт.сэнергия сарфа менамоем. Яъне 5 маротиба камтар аст. Агар ниёз ба рӯшноии умумӣ набошад, беҳтар аст аз лампаҳои маҳаллӣ истифода баред. Ҳангоми аз утоқ баромадан хомӯш кардани чарощро ба қоида табдил додан лозим аст;
  • агар телевизор ва марказҳои мусиқиро муддати дароз дар ҳолати интизорӣ истифода баред, онҳо метавонанд дар як соат то 10 Вт энергияро истифода баранд. Дар ҳолати саривақт хомӯш кардан 42 кВт.с энергияро дар як моҳ сарфа мешавад.
  • яхдонро дар назди плитаи газ ё радиатори гармидиҳанда гузоштан мумкин нест. Ин боиси то20-30% зиёд шудани сарфи энергия мегардад. Дар ҳолати саривақт тоза накардани сармодони яхдон, ба истифодаи зиёди нерӯи барқ оварда мерасонад. Инчунин ба яхдон хӯроки гарм нагузоред. Яхдонро мунтазам об кардан лозим.
  • Кондитсионер бояд бо термостат муҷаҳҳаз бошад ва ҳангоми ба сатҳи зарурӣ расидани ҳарорати хона хомӯш карда шавад.
  • Чангкашакро бо иқтидори миёна ё кам истифода баред. Ҳангоми дар вақташ холӣ накардани зарфии партови чангкашак истифодаи нерӯи барқ ба 40 фоиз зиёд мешавад.
  • Ҳангоми истифодаи мошини ҷомашўӣ меъёри дар паспорт нишондода бояд риоя карда шавад. Риоя накардан ва истифодаи аз меъёр зиёди миқдори об ва либос ба аз 15 то 30% зиёдшавии истифодаи нерӯи барқ оварда мерасонад.
  • Ҳангоми дар тафдон пӯхтани хӯрок, агар пеш аз пухтани хурок, масалан 10 дақиқа пеш тафдонро хомӯш карда шавад то 15% энергияро сарфа карда мешавада.
  • Ҳангоми истифодаи чойники электрикӣ бояд ба миқдори лозима обро ҷушонем, ки ин ба сарфаи энергия мусоидат мекунад.

Ҳангоми риояи ақаллан чунин роҳҳои энергиясарфакунӣ метавонем то 220 кВт.с дар як моҳ нерӯи барқро сарфа намоем.

Усули дигари самарабахши сарфаи нерӯи барқ​​ истифодаи таҷҳизоти каммасраф мебошад. Ҳангоми харидани таҷҳизоти нави рӯзгор бояд акнун ба асбобҳое, ки камтар масрафи нерӯи барқ ​​доранд, афзалият диҳед.

Бояд қайд намоем, ки дар низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳбуди ҷори карданро хоҳем нисбати истифодаи оқилона энергияи электрики беаҳмият набошем, он гоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикии комил мерасад.

Абдуллоев М.А.      

мудири кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон