НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

Терроризм имрӯз ба яке аз хатарҳои ҷиддитарини ҷаҳони муосир табдил ёфтааст, ки сулҳу субот ва амнияти инсониятро зери таҳдид қарор медиҳад. Ин зуҳуроти нангин ҳеҷ гоҳ дар таърихи башарият комилан аз байн нарафтааст, вале дар даҳсолаҳои охир бо истифода аз технологияҳои муосир ва шабакаҳои интернетӣ шаклҳои даҳшатбортар ва муташаккилтарро касб кардааст. Аз ин рӯ, муборизаи беамон бар зидди терроризм вазифаи муқаддаси ҳар як фарди солимфикр ва давлати масъулиятшинос мебошад.
Терроризм (аз калимаи лотинии “terror” – даҳшат, ҳарос) як навъ сиёсат, идеология ё амалест, ки бо истифода аз зӯроварӣ, таҳдид, фишороварӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳҳои одамон, ҷомеа ё ҳокимият бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ ё геополитикӣ сурат мегирад. Амалҳои террористӣ боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ва ба миён омадани оқибатҳои хатарнок барои ҷомеа мегарданд. Мақсади асосии террористон тарсонидани аҳолӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва маҷбур кардани мақомоти ҳокимият ба қабули қарорҳои барои онҳо муфид мебошад.
Ифротгароён асосан ҷавононро фирефта ва ба сафҳои худ шомил карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳадафҳои ин шахсон ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Тоҷикистон давлати ҷавонон аст, зеро теъдоди бештари сокинонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин ифодагари он аст, ки қувваю иродаи ҷавонони кишвар нерӯи ояндасоз аст ва насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд.
Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.
Аз нигоҳи ман, ҳамчун омӯзгори ҷавон, барои ҳалли мушкилот давра ба давра ташкил намудани ярмаркаи ҷойи корӣ бо дарназардошти аз овони хурдсолӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ба зиракии сиёсии ҷавонон, яъне бо таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари ҷавонон ба маҳфилҳо, тарзи ҳаёти солим тавассути ҷалб намудан ба варзиши оммавӣ баманфиати ҷомеа аст.
Терроризм зуҳуротест, ки сарҳад намешиносад ва ба тамоми инсоният таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди солимфикр аст, ки дар муборизаи беамон бар зидди ин вабои аср саҳм гузорад ва барои ҳифзи сулҳу субот, амният ва ояндаи неки башарият кӯшиш кунад. Нест бод терроризм!
Абдураҳмонова А.И.
омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва информатика