Ҷавонон яке аз неруҳои асосии пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, дар ҳар давру замон ба унвони пайвандгари наслҳо ва ояндасозони миллат шинохта мешаванд. Пешрафт ва шукуфоии як давлатро бе иштироки фаъоли ин қишри созанда тасаввур кардан номумкин аст. Зиндагии осоишта, рушду нумӯи иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз азму ирода ва масъулиятшиносии ҷавонон вобастагии зиёд дорад.
Имрӯза, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои ҷиддӣ чун ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва терроризм рӯ ба рӯст, нақши ҷавонон дар мубориза бо ин хатарҳо боз ҳам муҳимтар мешавад. Бо диду нигоҳи нав, ҷаҳонфаҳмии муосир ва имконоти зеҳнӣ, маҳз ҷавонон қодиранд ҷомеаро аз чунин зуҳуроти номатлуб эмин нигоҳ доранд.
Дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ, ки гурӯҳҳои тундрав талош доранд, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ақидаҳои хатарзо паҳн намоянд, ҳушёрию зиракии сиёсии ҷавонон зарур аст. Таҷрибаи талхи бархе кишварҳои мусулмонӣ собит кард, ки бесарусомониҳо ва ихтилофоти дохилӣ аксаран дар натиҷаи суистифода аз дину мазҳаб ва бо мақсадҳои сиёсӣ ба вуҷуд омадаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста ба масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ин таваҷҷуҳ на танҳо дар сатҳи барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ, балки дар амалҳои рӯзафзун ва ташкили шароити мусоиди зиндагии ҷавонон таҷассум ёфтааст.
Мусаллам аст, ки мубориза бар зидди ифротгароӣ танҳо бо амали ниҳодҳои давлатӣ имконпазир нест. Ин вазифаи умумимиллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад. Махсусан, ҷавонон бояд ҳушдор бошанд, ки фирефтаи таблиғоти гурўҳҳои ифротӣ нашаванд ва дарк намоянд, ки ба чунин ҳаракатҳо пайвастан, пеш аз ҳама, бар зарари худашон ва ояндаи Ватан мебошад.
Бо мақсади пешгирии чунин таҳдидҳо, истифодаи роҳу усулҳои муосир, баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, афзун намудани сатҳи фароғат ва машғулияти ҷавонон, васеъ намудани заминаҳои таълимии муосир ва баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бояд дар меҳвари сиёсати ҷавонон қарор дошта бошанд.
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021–2025 барномаҳои мушаххасеро дар бар гирифтааст, ки татбиқи онҳо дар амал метавонад заминаи устувор барои коҳиши ин хатарҳо гардад. Аз ҷумла, дар ин Стратегия ба зарурати тарбияи мутахассисони соҳавӣ, муқовимат бо ҷангҳои иттилоотӣ ва тарғиби идеологияи солим таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.
Дар ин замина, иштироки волонтёрон ва аъзои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба монанди «Пайравони Пешвои миллат» ҷиҳати ташкили вокунишҳои мантиқӣ, нашри мақолаҳо ва тарбияи афкори солим дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад таконбахши равандҳои мусбати иҷтимоӣ бошад.
Ба таври умум, танҳо дар сурати талоши дастаҷамъона — аз ҷумла бо иштироки ниҳодҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони фаъоли кишвар — мо метавонем бар хатарҳои замони муосир, хоса терроризм ва экстремизми хушунатомез, муқовимати самарабахш нишон диҳем. Ҷавонон, ки ояндасозони миллатанд, бояд худ пешсафу ҳомии арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бошанд.
Муҳиддинов Фазлиддин Насриддинович
омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии ДКМТ