НАҚШИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи озодии сиёсӣ ва соҳибихтиёрии кишвар, балки заминаи асосии таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва рушду нумӯи миллӣ ба ҳисоб меравад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ин боиси пастравии истеҳсолот, вобастагии бозор, мушкилоти иҷтимоӣ ва таназзули сохторҳои иқтисодӣ. Маҳз дар чунин шароит сиёсати иқтисодии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши сарнавиштсоз бозид.
Пешвои миллат дар аввалин суханрониҳои худ таъкид карда буданд, ки
«Истиқлолият танҳо бо сухан не, балки бо иқтисоди қавӣ ва худкифоӣ пойдор мемонад.
Дар заминаи ин сиёсат, чанд самти муҳими иқтисодӣ роҳандозӣ гардид:
1. Энергетика ҳамчун пояи истиқлолияти иқтисодӣ. Бо ташаббус ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, соҳаи энергетика рушд ёфт, ки сохтмони нерӯгоҳҳои бузург ба монанди НБО «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва даҳҳо иншооти хурду миёна ба роҳ монда шуд. Ин иқдом кишварро аз вобастагии энергетикӣ раҳо намуда, заминаи рушди дигар бахшҳои иқтисодиро фароҳам овард.
2. Саноатикунонии босуръати кишвар.Сиёсати саноатикунонӣ, ки ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, имконият дод, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёбад. Ин раванд боиси ба кор андохтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ ва болоравии содирот гардид.
3. Инкишофи инфрасохтор ва роҳсозӣ.Сохтмони роҳҳои стратегӣ, нақбҳо ва пулҳои муҳим боиси пайвастшавии вилоятҳо ва густариши робитаҳои иқтисодӣ гардид. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Роҳ – ин рагҳои асосии иқтисод ва тиҷорат аст, ки кишварро бо ҷаҳон мепайвандад.»
4. Таҳкими соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ.Бо қабули қонунҳо ва имтиёзҳои гуногун барои сармоягузорон ва соҳибкорон, муҳити мусоиди иқтисодӣ фароҳам оварда шуд, ки имрӯз фаъолияти соҳибкорӣ яке аз манбаъҳои асосии даромади буҷет ва рушди иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Сиёсати иқтисодии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллиро таъмин намуд. Имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави худкифоӣ ворид шуда, бо такя ба захираҳои дохилӣ ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат ба сӯи иқтисодиёти муосир ва рақобатпазир қадам мегузорад. Ин дастовардҳо гувоҳи онанд, ки Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки меъмори иқтисоди мустаҳкам низ мебошад.
Раҳматов Абдумавлон
номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон