НАҚШИ ПАЁМ ДОИР БА РУШДИ БАРНОМАИ НАВИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ  доир ба ин масъала зикр намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.

Дар баробари ин, ҷиҳати таъмин намудани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар чораҳои иловагиро татбиқ намояд.»

Дар корхонаҳои саноати кўҳӣ, барои истихроҷи канданиҳои фоиданок: баланд гардонидани натиҷаҳои маҳсулнокӣ, суръатнок гардонидани раванди фаъолияти истихроҷот ва самаранокии коркарди канданиҳои фоиданок, яке аз мақсадҳо аввалиндараҷа ҳисобида мешавад.

Барои ноил шудан, бар ин мақсадҳо ва тадбиқи пурраи он дар корхонаҳои саноати кўҳӣ, истифодабарии барномаҳое, ки бо зеҳни сунъӣ омода гардидаст, тавсия карда мешавад.

«Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид.» иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – 16.12.2025, шаҳри Душанбе.

  Дар замони муосир, нақши зеҳни сунъӣ дар раванди омўзиши фаъолияти мошин ва таҷҳизотҳои куҳӣ хело калон аст. Дар ҳолате, ки ширкатҳои ҷаҳонии ҳозира, мошин ва таҷҳизотҳои кўҳии худкорро (автономиро) дар истеҳсолот ҷори намуда истодаанд.

Мисол: таҳлилҳо нишон медиҳад, ки яке аз ширкати бузург ва маъруфи бритонӣ ва австралиягии Rio Tino, ки бо истихроҷи маъданҳои кўҳӣ фаъолияти дорад, ки ба ин мақсадҳо ба пурраги ноил гардидааст. Ширкати Rio Tino амалиётҳои ҳамлу нақли конданиҳои фоиданокро дар конҳои кушод, бо мошинҳои боркашони комилан худкор (автономӣ) истифода мебарад, ки  якчанд маротиба фаъолиятро суръатнок гардонидааст.

Бояд қайд кард, ки ширкати Rio Tino 16 кони зеризаминӣ, 1500 км роҳи оҳан, се бандар ва дигар намуди иншоотҳоро дорад. Ширкати мазкур аз тамоми таҷҳизоти мобилӣ ва сенсорҳои худ ҳар дақиқа 2,4 терабайт маълумот мегирад, ки маълумотро дар вақти воқеӣ ҷамъоварӣ ва интиқол медиҳанд, то назорати таҷҳизотро таъмин кунад.

Дар раванди ҷустуҷуи канданиҳои фоиданок низ, нақши зеҳни сунъӣ хело калон аст. Зеҳни сунъӣ ва омӯзиши технологияи мошинсозӣ метавонад, барои ширкатҳои истихроҷи маъдан дар дарёфти маъданҳо барои истихроҷ кӯмак расонад, ки ҷузъи муҳими ҳама гуна амалиёти истихроҷи маъданҳо оқилона сохта шудааст. Гарчанде, ки ин як барномаи хеле нави зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинҳост, бисёре аз ширкатҳои истихроҷи маъдан аз ин дурнамо ҳаяҷоновар мешуморанд. Ширкати Goldspot Discoveries Inc. низ  ҷустучуи канданихои фоиданок бо барномаҳои мошинии зеҳни сунъӣ ба роҳ мондааст. Ба ҳамин монанд, ширкатҳои Goldcorp ва IBM Watson барои истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳлили ҳама маълумоти мавҷудаи геологӣ бо мақсади пайдо кардани беҳтарин ҷойҳои пармакунии тилло дар Канада ҳамкорӣ мекунанд. Мақсади ин кӯшишҳо дар ҳоле, ки татбиқи зеҳни сунъӣ дақиқу саҳеҳ буда, фаъолиятро пурра барномаву мошин иҷро намуда, самаранокии баланд оварда метавонад.

Хулоса: Таҳлилҳои ширкатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки истифодабарии ва татбиқи барномаҳои зеҳнӣ сунъӣ дар раванди коркарди канданиҳои фоиданок самаранокии баланд дорад. Бунёди барномаи эҷодиёти оқилонаи раванди истихроҷ ё барномаи зеҳни суънӣ: имконияти конҳои сершуморро ба як системаи ягонаи коркард ва логистикӣ муттаҳид намуда, ба таври омори пешгўии бомуваффақро нишон дода метавонад.

  Воҳидов А.А. номзади илмҳои техникӣ,

мудири кафедраи фанҳои умумитехникии

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон