Дар иқтисодиёти замони гузашта диққати асосӣ ба стандартизатсия, сиёсати ягонаи маркетинг ва истеҳсоли бузурги ҷамъиятӣ равона гардида буд. Ҳоло дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ, ки бо афзоиши пайвастаи ҳаҷм ва ҷараёни иттилоот тавсиф меёбад, ширкатҳо бештар имкноти дарки амиқи ниёз ва рафтори истеъмолкунандагонро пайдо мекунанд. Ба ибораи дигар, дар айни ҳол пеш аз истеҳсолот бояд талаботи истеъмолкунандаро омӯхт.
Имрӯз бисёре аз ширкатҳо усулҳои фаъолияти худро дар бозор тағйир додаанд, аз ин рӯ низоми маркетинг низ ба мутобиқсозӣ ниёз дорад. Истеъмолкунандагони замони муосир бештар майл доранд, ки қисми зиёди хариди худро ба таври онлайн анҷом диҳанд, бинобар ин, ширкатҳо фаъолияташонро ба самти тиҷорати электронӣ равона месозанд ва онро яке аз василаҳои муассири пешбурди молу хизматрасониҳо меҳисобанд.
Тибқи натиҷаҳои тадқиқотӣ, аксари истифодабарандагони интернет бештар китобҳо, либос, маҳсулоти ғизоӣ ва дигар молҳоро ба таври онлайн мехаранд. Ҳамзамон, тиҷорати электронӣ имкониятҳои навро барои ташкили муносибатҳои мустақим бо муштариён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо фароҳам меорад, ки дар онҳо мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи хусусиятҳои маҳсулоти гуногун имконпазир мегардад. Интернет ба истеъмолкунандагон шароит фароҳам меорад, то онҳо тавонанд фикру мулоҳиза ва пешниҳоди худро дар бораи маҳсулот ё хизматрасониҳои ширкатҳо зуд ва бе монеа ироа намоянд.
Омилҳо ва тамоюлҳои асосие, ки ба муваффақият дар соҳаи маркетинги онлайн мусоидат мекунанд, инҳоро дар бар мегиранд:
- Пешбурди мундариҷа дар шакли видео. Тибқи омор, 96 фоизи истифодабарандагон барои шиносоии бештар бо маҳсулот видеоҳои марбут ба онро тамошо мекунанд. Дар натиҷа, 95 фоизи онҳо пас аз дидани чунин видеоҳо қарор дар бораи хариди маҳсулот қабул менамоянд. Видео ҳамчун шакли муассири муаррифии маҳсулот на танҳо диққати истеъмолкунандагонро ҷалб мекунад, балки эҳсоси эътимод ва иртиботи мустақимро низ ба вуҷуд меорад.
- Нишон додани арзишҳои умумӣ ва иҷтимоӣ. Ҳар як ширкат на танҳо ҳамчун воҳиди иқтисодӣ, балки ҳамчун субъекти иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, мавқеи иҷтимоӣ ва арзишҳои ташкилот дар назди ҷомеа аҳамияти калидӣ доранд. Мизоҷон имрӯз мехоҳанд бидонанд, ки ширкат кадом арзишҳоро пайгирӣ мекунад ва то кадом андоза дар ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ саҳм мегузорад. Шаффофият дар ҳисоботдиҳӣ ва иштироки фаъол дар ташаббусҳои иҷтимоӣ эътибори ширкатро дар бозор афзун месозад.
- Ҷорӣ намудани “чат–ботҳо”. Истифодаи чат-ботҳо ба муштариён имкон медиҳад, ки дар ҳар вақти шабонарӯз маълумот ва ҷавобҳои лозимаро дастрас намоянд. Ин восита вақти посухдиҳиро то чанд сония коҳиш дода, эҳтимоли нофаҳмиҳо ва ихтилофҳои байни кормандон ва муштариёнро аз сабаби набудани омилҳои шахсӣ бартараф месозад.
Дар маҷмӯъ, интернет-маркетинг барои ташкилотҳо воситаи самараноки воридшавӣ ба бозор мебошад, зеро он нисбат ба маркетинги анъанавӣ хароҷоти камтарро талаб мекунад ва имконияти васеи фарогирии аудиторияи мақсаднокро фароҳам меорад.
Нақши интернет-маркетинг дар ҷаҳони муосир:
Пеш аз ҳама, он сатҳи шинохти ташкилотро ба таври назаррас баланд мебардорад. Агар дар гузашта фаъолияти аксари ширкатҳо ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо маҳдуд мешуд ва танҳо сокинони атроф аз мавҷудияти онҳо бохабар буданд, имрӯз миллионҳо нафар метавонанд фаъолияти як ташкилотро тавассути чандин нуқтаҳои рақамӣ — сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рекламаи онлайн — ҳамзамон бинанд. Ташкили симои боэътимоди рақамӣ бо истифода аз вебсомона, таблиғоти пулакӣ ва платформаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки шинохт ва нуфузи ширкат ба маротиб афзун гардад — чизе ки қаблан ғайриимкон менамуд.
Дар навбати дуюм, интернет-маркетинг робитаи дуҷонибаро бо мизоҷон таъмин менамояд. Агар қаблан танҳо худи ширкатҳо тасмим мегирифтанд, ки бренд, маҳсулот ва хизматрасониҳояшон дар бозор чӣ гуна қабул шаванд, имрӯз ин раванд то андозае дар дасти худи истеъмолкунандагон низ қарор дорад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои рейтингӣ ва форумҳо, мизоҷон метавонанд назари худро дар бораи маҳсулот ё хизматрасонӣ баён намоянд ва ҳатто ба қарорҳои идоракунандаи ширкат таъсир расонанд.
Инчунин, имкони барқарор намудани иртиботи мустақим миёни ширкат ва муштариён шароити мусоид фароҳам меорад, то муносибати устувор ва дарозмуддат ташкил шавад. Бо истифода аз паёмҳои электронӣ пас аз харид, пешниҳоди фармоишҳои инфиродӣ ва номаҳои сипосгузорӣ, ширкат метавонад эҳсоси боварӣ ва ҳамбастагиро миёни мизоҷон ва бренди худ тақвият бахшад. Ин муносибати пайваста на танҳо садоқати муштариёнро меафзояд, балки обрӯи умумии ташкилотро дар фазои рақобатии рақамӣ таҳким мебахшад.
Дар навбати сеюм, интернет-маркетинг имкони анҷом додани таҳқиқоти муфассали бозорро фароҳам меорад. Омӯзиши афзалиятҳо, одатҳо ва хусусиятҳои демографӣ — яъне маълумот дар бораи синну сол, ҷинс, макони зист ва сатҳи даромади истеъмолкунандагон — дар фаъолияти маркетингӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Агар маълумоти зарурӣ сари вақт ҷамъоварӣ ва таҳлил карда нашавад, муайян намудани аудиторияи ҳадаф ва таҳияи стратегияи самараноки бозорӣ душвор мегардад. Илова бар ин, агар ташкилот надонад, ки мизоҷони он кӣ ҳастанд, чӣ мехоҳанд, то чӣ андоза омодаанд барои маҳсулот ё хизматрасонӣ маблағ пардохт кунанд ва рақибони онҳо кӣ мебошанд, дар он сурат эҷоди маҳсулот ё хизматрасонии дуруст ва рақобатпазир амри душвор хоҳад буд.
Интернет-маркетинг ба бисёр соҳаҳои тиҷорат таъсири калон расонидааст, аз ҷумла ба саноати мусиқӣ, низоми бонкдорӣ, бозори дастгоҳҳои электронии портативӣ (телефонҳои мобилӣ, iPod ва дигарҳо), инчунин ба он чӣ ки “бозори анъанавии асбобҳои кӯҳна” номида мешавад ва, албатта, ба соҳаи реклама.
Дар бахши бонкдорӣ низ интернет-маркетинг нақши калидӣ дорад. Ҳар рӯз шумораи бонкҳое, ки хизматрасониҳои худро ба таври онлайн пешниҳод мекунанд, меафзояд. Онлайн-банкинг барои муштариён қулайтар аст, зеро онҳо дигар зарурат надоранд, ки ҳар бор ба шӯъбаҳои бонк ташриф оранд. Ин навъи хизматрасонӣ имрӯз яке аз самтҳои босуръат рушдёбандаи тиҷорати интернетӣ мебошад. Суръати пайвасти интернет дар ин раванд аҳамияти хоса дорад — тақрибан 44% истифодабарандагони интернет аз хизматрасониҳои онлайн–банкинг истифода мебаранд.
Ҳамин тариқ, ҳар рӯз шумораи фурӯшандагон ва соҳибкороне, ки молу ашёҳои нодир ва антиқиро тавассути интернет мефурӯшанд, меафзояд ва тиҷорат ба таври босуръат ба фазои рақамӣ интиқол меёбад.
Мутаассифона, интернет-маркетинг асосан ба аудиторияи муосир равона шудааст. Ҳарчанд телефонҳои мобилӣ ва ҳатто малакаи кор бо интернет мавҷуд бошад ҳам, ба бисёре аз нафақахӯрон дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва молу маҳсулоти интернетӣ душвор аст. Усули кори анъанавие, ки онҳо ба он одат карда буданд, дигар амал намекунад, бинобар ин барои онҳо зарур аст, ки аз интернет оғоз намоянд.
Мавлонов М., Муҳиддинов Ф.Н.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

 
                                   
                                   
                                  