НАШРИ МАҚОЛАИ НАВБАТИИ РЕКТОРИ ДКМТ ДАР АМИТ «ХОВАР»

17 июли соли 2025 дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон – АМИТ «Ховар» мақолаи навбатии Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор муҳтарам Маҳмадалӣ Бахтиёр таҳти унвони «Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад» нашр гардид.

Мақолаи мазкур бозгӯи ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди устувори энергетикаи кишвар буда, дар он саҳми бузурги лоиҳаи стратегии Роғун ҳамчун рамзи ваҳдат, неру, худшиносӣ ва ояндасозии миллат ба таври ҳамаҷониба инъикос ёфтааст.

Муаллифи мақола, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр ҳамчун яке аз шахсиятҳои фаъоли ҷомеаи илмӣ ва таҳлилгари варзида, тавонистааст бо таҳлили амиқ ва воқеъбинона паҳлуҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва геополитикии иншооти мазкурро равшан намояд. Ин навбат низ мақолаи эшон дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» мавриди истиқболи гарми доираҳои васеи илмию иттилоотӣ қарор гирифт.

Зикр кардан ба маврид аст, ки муҳтарам Маҳмадалӣ Бахтиёр дар саҳифаҳои АМИТ «Ховар» пайваста бо андешаҳои тоза, таҳлилҳои воқеъбинона ва навиштаҳои муфид ҳузури фаъоли илмӣ доранд. Ин фаъолият на танҳо ҷойгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро дар фазои илмӣ-иттилоотии кишвар боло мебарад, балки намунаи ибратбахши садоқат ба Пешвои миллат ва сиёсати давлатдории муосир мебошад.

Мирбобоев Ш.Ҷ.

Мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ