Дар толори хурди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дастури муовини аввали ректор Давлатзода Давлат семинар дар мавзуи “Натиҷабардорӣ аз нақшаи инфиродии омӯзгор дар нимсолаи якум” баргузор гардид.
Дар семинар сардори раёсати таълим Осими Оқил, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони фаъол ширкат намуданд.
Семинарро сардори раёсати таълим дотсент Осими Оқил ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барнома ва нақшаи инфиродии омӯзгорон, намуди пардохт, иҷроиш ва тарзи супоридани ҳисобот суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар лаҳзаи ҳаракати омӯзгор дар Донишкада, ҳар дақиқаи хидмат ва саҳмгузорӣ дар соҳаи илму маориф ва тарбияи насли ҷавон тибқи барнома пардохт карда мешавад.
Мавсуф изҳор дошт, ки ҳар қадар омӯзгорон дар таълиму тарбия ва тарбияи насли наврас саҳм гузоранд, ҳамон қадар маблағи зиёд ба даст меоваранд.
Сипас, андешарониҳо сурат гирифта, омӯзгорон атрофи мавзуъ дидгоҳи хешро иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2026 ин аввалин семинар дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби сохтори таълим гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот


