НАМУДҲОИ БУҲРОНҲОИ ЭКОЛОГӢ

Дар ҷаҳон имрӯз масъалаҳои экологӣ дигар мавзӯи муҳокимаву баҳс нестанд — онҳо ба қисми ҷудонашавандаи зиндагии мо табдил ёфтаанд. Бӯҳронҳое, ки даҳсолаҳои пеш танҳо дар китобҳои илмӣ зикр мешуданд, ҳоло ба воқеияти талхи рӯзгори инсон табдил ёфтаанд. Тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои оби тоза, ифлосшавии ҳаво, нобудшавии ҷангалҳо, аз байн рафтани намудҳои ҳайвонот ва гиёҳҳо — ҳамаи ин падидаҳо ҳаёти мо ва наслҳои ояндаро зери хатар гузошта истодаанд. Имрӯз ҳар кас, хоҳ сокини деҳа бошад ё шаҳр, хоҳ омӯзгор бошад ё деҳқон, бояд дарк кунад, ки муҳити зист ба худ ғамхории махсусро талаб менамояд.

Бӯҳронҳои экологӣ танҳо мушкилоти табиат нестанд — онҳо мушкилоти тамоми организмҳои зиндаанд, алалхусус инсонанд. Инсон бо амали худ тавозуни табиатро вайрон карда истодааст. Дар замони муосир миқдори корхонаҳои саноатӣ афзоиш ёфта, истифодаи истихроҷи ангишт, газ ва нафт зиёд шудааст. Дар баробари ин нақлиёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ки миқдораш рӯз то рӯз меафзояд, ба ҳаво моддаҳои зиёди зараровар мепартояд. Ҳамин тавр, дар шаҳрҳои калон сифат ва тозагии ҳаво ҳар сол пасттар шуда истодааст. Барои бисёр одамон нафаскашӣ дар кӯчаҳо ба як мушкили воқеӣ табдил ёфтааст. Бемориҳои роҳҳои нафас, дилу раг ва аллергия бештар аз гузашта ба назар мерасанд. Ҳаво — чунин неъмати бесубот, ки бе он инсон якчанд дақиқа ҳам зиндагӣ карда наметавонад, имрӯз яке аз осебпазиртарин унсурҳои муҳити атроф гардидааст.

Дар баробари ин, мушкили бузурги дигари экологӣ — камшавии оби тоза — низ аҳамияти хоса дорад. Табиати Тоҷикистон, ки аз беҳтарин обҳои кӯҳӣ, аз пиряхҳои бузург ва дарёҳои сероб бархӯрдор аст, имрӯз ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Пиряхҳо, ки ҳазорсолаҳо сарчашмаи асосии оби дарёҳои мо буданд, бо суръати нигаронкунанда кам мешаванд. Ин тағйирот ба ҳаҷми оби дарёҳои Зарафшон, Вахш, Сурхоб, Панҷ ва дигар дарёҳои калидӣ таъсир мерасонад. Агар мо имрӯз ба ин масъала бепарво бошем, наслҳои оянда ба мушкили сахти норасоии об рӯ ба рӯ мегарданд. Об на танҳо барои нӯшидан, балки барои кишоварзӣ, тавлиди неруи барқ, саноат ва зиндагии оддӣ зарур аст. Ҳар қатраи об қимат дорад ва масъулияти нигоҳдории он бар дӯши ҳар кас аст.

Вазъи хок низ тағйир ёфта истодааст. Дар бисёр минтақаҳои кишвар, махсусан дар ноҳияҳои гарм, ҳосилнокии хок кам шуда истодааст. Дар баъзе ҷойҳо эрозия — бодбурдагӣ ва шӯршавӣ — зиёд шудааст. Чаронидани аз ҳад зиёди чорво, истифодаи аз ҳад зиёди нуриҳои кимиёвӣ ва кишти нодуруст ба замин зарари калон мерасонанд. Хоке, ки солҳо барои инсон ғизо мебахшид, дигар наметавонад ҳосили пешина диҳад. Ин дар ниҳоят ба амнияти озуқавории кишвар таъсири бевосита дорад.

Дар муҳити табиӣ ҳар растанӣ ва ҳар ҳайвон ҷои худро доранд. Онҳо на танҳо зебоӣ мебахшанд, балки қисми муҳими занҷираи ҳаёти экосистема мебошанд. Аммо солҳои охир бисёр намудҳои ҳайвонот ва гиёҳҳо аз байн рафта истодаанд. Ин раванд хомӯшона ва тадриҷӣ сурат мегирад, вале оқибатҳои он хеле вазнинанд. Табиат гӯё як дафтари бузурги ҳаёт аст: агар аз он як саҳифа канда шавад, дигар саҳифаҳо низ ба таносуби худ осеб мебинанд. Аз байн рафтани як намуд метавонад ба нестшавии намудҳои дигар оварда расонад. Ин раванд дар ниҳоят экосистемаҳоро заиф ва ноустувор мекунад. Табиат наметавонад худ аз худ барқарор шавад, агар инсон ба он имкон надихад.

Масъалаи ҷамъ кардану қойгир намудани партовҳои маишӣ ва саноатӣ дар вақтҳои охир ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтаанд. Дар маҷрои дарёҳо, канори роҳҳо ва гирду атрофи манотиқи аҳолинишин партовҳо ҷамъ мешаванд. Ин на танҳо манзараи зишт ба вуҷуд меорад, балки ба дарёҳо, ҳаво ва хок зарари бевосита мерасонад. Пластик, ки садҳо сол дар табиат таҷзия намешавад, яке аз душманони асосии муҳити атроф мебошад. Мутаассифона, бисёре аз одамон то ҳол намедонанд, ки шишаҳои пластикӣ метавонад барои тамоми минтақа хатар орад.

Дар ин шароит як чизи муҳимро бояд фаромӯш накунем: табиат танҳо бо қонун, фармон ё амри идора ба ҳолати беҳтар баргашта наметавонад. Он ба дастгирию масъулияти ҳар яки моён ниёз дорад. Тарбияи экологӣ аз хона сар мешавад. Вақте кӯдак мебинад, ки калонсолон беандеша партов мепартоянд, обро беҳуда сарф мекунанд, дарахтро бемаънӣ мешикананд — вай низ ҳамин амалҳоро меомӯзад. Аммо агар ӯ бубинад, ки калонсолон табиатро муҳофизат мекунанд, дар атроф тозагӣ нигоҳ медоранд, обро сарфакорона истифода мебаранд — вай низ чунин рафторро пеш мегирад.

Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар он аст, ки нисбат ба табиат муносибати хайрхоҳона дошта бошад. Дар замоне, ки ҷаҳон бо буҳронҳои экологӣ дасту панҷа нарм мекунад, мо бояд дарк намоем, ки ҳар як дарахти шинондашуда, ҳар қатраи оби сарфакорона, ҳар коғази дубора истифодашуда — қадаме ба сӯи ояндаи солим ва бехатар аст. Табиат ба мо ниёз дорад, чунон ки мо ба табиат ниёз дорем.

Вақте инсон бо муҳити табиат ҳамзистии солимро меомӯзад, ҷомеа низ солим мешавад. Дар ниҳоят, табиат инъикоси ахлоқу фарҳанги миллат аст. Агар мо табиатро дӯст дорем, ӯ низ ба мо меҳрубонӣ хоҳад кард.

Назарова Махинахон Элмуродовна 

ассистенти кафедраи Экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон