Намояндагони Донишгоҳи Шандон дар кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ мизи мудаввар баргузор намуданд

Имрӯз, дар  кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозии факултети электромеханика намояндагони Донишгоҳи Шандон дар мавзуи “Технологияҳои муосири мошинсозӣ ва корбурди зеҳни сунъӣ дар санъати мошинсозӣ” бо ширкати омӯзгорону кормандони донишкада мизи мудаввар баргузор намуданд.

Мизи мудавварро мудири  кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозии факултети электромеханика Холов Зафар ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба санъати мошинсозӣ дар кишвар, истифодаи технологияҳои мошинсозӣ, навсозии барномаҳои мошинсозӣ ва ғайра дар кафедра сухан ронда, рушди соҳаи мошинсозиро дар шароити имрӯз, беназир арзёбӣ намуд. 

Сипас, намояндагони Донишгоҳи Шандони Ҷумҳурии мардумии Чин дар мавзуи “Технологияҳои муосири мошинсозӣ ва корбурди зеҳни сунъӣ дар санъати мошинсозӣ” суханронӣ намуда, ба донишҷӯён мисолу масъалаҳои зиёдеро дар санъати мошинсозии Чин гиреҳкушоӣ намуданд.

Дар мизи мудаввар суолу ҷавоб ва табодули таҷриба сурат гирифт, ки намояндагони Донишгоҳи Шандони Ҷумҳурии мардумии Чин ба донишу таҷрибаи омӯзгорони факултети электромеханика баҳои баланд доданд.

Шуъбаи иттилоот

М. Саидов