Шарафи бузург ва бахти баланд аст, ки миллати иззатманди тоҷик имрӯз дар шароити орому осуда сулҳу ваҳдати комил ҷашнҳои миллии худ аз ҷумла Наврӯзро таҷлил менамояд. Дар фарҳанг чунин омадааст, ки калимаи «Наврӯз» аз ду вожаи «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, маънои «рӯзи нав», «оғози рӯзи нав» ва «саршавии зиндагии нав»-ро ифода менамояд. Дар заминаи ҷаҳонбинии ниёгони мо ҳамин рӯзи баробаршавии шабу рӯз – оғози баҳор – ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғоз ёфтани соли нави хуршедӣ ва нав шудани зиндагӣ пазируфта шудааст. Наврӯз солҳост, ки бо маҷмӯи расму оинҳои хоси худ – аз покизакунии хонаву кӯча то суманакпазӣ, аз зиёрати пирону бузургон то баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва базмҳои хурсандӣ – ба як маросими пурмуҳтавои маънавӣ табдил ёфтааст. Ин ҷашн, ки решаҳои он ба тамаддуни куҳани ориёӣ пайванд дорад, дар тамоми шароити таърихӣ – аз давраҳои салтанати бостон то замони шӯравӣ ва даврони истиқлоли миллӣ – то кунун зинда монда, мазмуни нав касб мекунад. Имрӯз мо Наврӯзро на танҳо ҳамчун ойини суннатӣ, балки ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат, ризоияти ҷамъиятӣ ва пояи муҳими хештаншиносии миллӣ дарк менамоему муаррифӣ сохт..
Қайд намудан лозим аст, ки ҷашни Наврӯз иди табиат, баҳор, сабзиши гулу гиёҳ ва эҳёи замину замон мебошад. Табиат пас аз сармо ва шабҳои тӯлонии зимистон дубора сабзидан мегирад, обҳо равон мешаванд, ҳаво нарм мегардад ва олам ранги дигар мегирад. Ин манзараи табиии эҳё, ба зеҳни инсонҳо фикри нав шудан, аз сар гирифтани корҳо, тарки кинаву адоват ва оғози сафҳаи навро илқо месозад. Аз ҳамин ҷо мафҳуми сулҳ бо Наврӯз сахт вобаста аст, яъне табиат дар гузаштан аз сармо ва сахтӣ ва ба оғӯши гармои баҳор гузаштанро таҷассум мекунад, инсон бошад вазифадор аст, ки дар дилаш зимистони кина, қаҳр ва нифоқро ба баҳори бахшоишу оштӣ табдил бидиҳад. Ин яке аз фалсафаи ҷашни Наврӯз мебошад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҷашни Наврӯз аз давраҳои қадим дар худ оинҳои оштидори миёни хешу табор, ҳамсояҳо, қавму қабилаҳо ва гоҳе байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро дар бар дошт. Махсусан, расми ба зиёрат рафтани калонсолон, ширин кардани даҳони ҳамдигар, узр пурсидан аз касе, ки шояд аз ӯ хафа шуда бошӣ, даъват ба меҳмонӣ ва тақдими тӯҳфаҳо ҳама ба он равона аст, ки дар байни мардум фазои некбинӣ, эҳтиром, дурустфаҳмӣ ва сулҳу оштӣ ҳукмфармо гардад.
Ҳамин тариқ, Наврӯз ба мо меомӯзад, ки:
- сулҳ аз худи мо оғоз меёбад – аз пок кардани дили инсон аз кинаву ғараз;
- сулҳи хонавода асоси сулҳи ҷомеа ва ниҳоят сулҳи кишвар аст;
- бе қабули дигарон, бе таҳаммулпазирӣ ва бе муҳаббат ба инсон ва табиат амнияти воқеӣ имконпазир нест…
Қайд кардан зарур аст, ки ҷашни Наврӯз танҳо рӯзи таҷлили хурсандӣ нест, балки он як мактаби зиндаи ахлоқ ва худсозии инсон мебошад. Ойини поксозии дид, дур сохатни кинаву адоват, дур намудани ранҷишҳо, фаромғш сохатни бадиҳо аз рукнҳои таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ мебошад.
Маҳз дар ин рӯз мардум саъю талош мекунанд, ки:
- аз дил ранҷишҳоро бардоранд;
- ба ҳолати ниёзмандон бетараф набошанд;
- ба ҳамдигар каломи нек бигӯянд;
- ба кӯдакон муҳаббат, ба пирон эҳтиром нишон диҳанд.
Ин ҳама амалу рафтор дар зоҳир оддӣ менамояд, аммо дар асл дар заминаи амиқи ахлоқӣ ва фалсафӣ қарор дорад. Ин аст, ки ҷашни Наврӯзро метавон як «дарси кушода»-и ахлоқи нек номид, ки ҳар сол такрор шуда, ахлоқи шахсӣ ва фарҳанги ҷамъиятиро тақвият мебахшад.
Ҷашни Наврӯз одамонро ба ранги табиат наздик мекунад, яъне ҳамон тавре ки табиат аз нав зебо мешавад, инсон низ бояд зебо шавад – дар гуфтор, дар рафтор, дар муомила. Аз ин рӯ, ин ҷашн қалбу зеҳни одамонро аз ғаму андӯҳ ва торикиҳои руҳонӣ озод намуда, онро бо умеду орзуҳои нав пур месозад. Ҳамин тарзи нав шудан ва худсозӣ аз унсурҳои асосии Наврӯз ва сулҳхоҳӣ дар маъниҳои ботинӣ мебошад.
Лозим бар таъкид аст, ки дар раванди ташаккули ҳар миллат ҷашну ойинҳое ҳастанд, ки ҳамчун устухонҳои муқовимати маънавӣ хидмат мекунанд. Барои миллати тоҷик чунин сутунҳо – забони тоҷикӣ, адабиёти классикӣ, таъриху қаҳрамонони миллӣ ва албатта, ҷашнҳои суннатӣ чун Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада мебошанд. Ҷашни Наврӯз дар ин миён ҷойгоҳи хосса дорад, зеро дар худ чандин арзиши ҳамзамон – фарҳангӣ, ахлоқӣ, таърихӣ ва сиёсиро ҷамъ овардааст. Вақте мо дар бораи ҷашни Наврӯз ҳарф мезанем, дар асл дар бораи тамаддуни кӯҳани худ – тамаддуни ориёӣ, осори ниёгон, андешаи бузургони сухан, урфу одати аҷдодӣ ва тарзи тафаккури хоси шарқии худ ҳарф мезанем. Ин маънои онро дорад, ки ҷашни Наврӯз ба шинохти мо аз худ, аз таърихи худ ва аз ҷойгоҳи худ дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
Дар даврони истиқлолият ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар ба рамзи худшиносии миллӣ табдил ёфт. Таҷлили бошукӯҳи он дар саросари кишвар, дар сатҳи давлатӣ, иштирок ва суханрониҳои роҳбарияти олии давлат, эълон гардидани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ, баргузории ҷашнвораҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони хориҷӣ – ҳамаи ин ҷанбаҳои нав ба маънии худшиносӣ мазмуни иловагӣ зам мекунанд.
Акнун, вақте ҷаҳониён вожаи «Наврӯз»-ро мешунаванд, онро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ мешиносанд. Ин шинохти ҷаҳонӣ барои худогоҳии миллати мо муҳим мебошад, чунки мо мефаҳмем, ки соҳибони мероси бузург, фарҳанги кӯҳан ва ҳамзамон дорои нақш дар тамаддуни умумбашарӣ ҳастем. Ин ҳисси ифтихор, масъулият ва ҳувияти миллӣ дар заминаи хештаншиносӣ таҳким меёбад.
Дар фарҳанги наврӯзӣ як қатор унсурҳо мавҷуданд, ки барои тарбияи шахсият ва ҷомеа муҳим мебошанд, минҷумла:
- Некандешӣ ва некгуфторӣ
Ибораи донишмандон, ки «Дар Наврӯз бояд танҳо сухани нек гуфт», ба он ишора мекунад, ки каломи нописанд, дашном, бадгӯӣ ва ғайбат дар ин рӯз рақами бадбахтӣ ба шумор мераванд. Ин анъана метавонад тамоми солро зери таъсири худ гирад, агар одамон медонистанд, ки ҳар рӯз Наврӯз аст, шояд ҳамеша бо ҳам нармтар ва нексухантар мегардиданд. - Неккирдорӣ ва саховат
Ба меҳмон таъом додан, ба камбизоатон кӯмак расонидан, дастгирии ятимону бенавоён, аёдати беморон – унсурҳои маъмулии ҷашни Наврӯзанд. Ин амалҳо ба рушди ҳисси масъулияти иҷтимоӣ, ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ мусоидат менамояд. - Меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ
Одатан дар остона ва рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз мардум ба корҳои ободонӣ, таъмиру тармими роҳҳо, ниҳолшинонӣ, сабзкории гулҳо машғул мешаванд. Ин омехтаи ҷашн бо меҳнат ва бунёдкорӣ ба ҷавонон мефаҳмонад, ки хурсандӣ бидуни заҳмат маънои ҳақиқӣ надорад. - Ҳифзи табиат
Наврӯз инсонро ба қадршиносии об, хок, ҳавои тоза, ниҳол, гулу гиёҳ даъват мекунад. Ба ҳамин хотир, метавон гуфт, ки ҷашни Наврӯз дар худ унсури тарбиявии фарҳанги экологии халқро нигаҳ доштааст, бар ин маъно “муҳити зистро ҳифз кун, то зиндагӣ зебо бошад”.
Албатта, нн ҳама паёмҳо дар маҷмуъ як низоми пурраи тарбиявиро ба вуҷуд меоваранд, ки ҳадафаш тарбияи инсонҳои масъул, боахлоқ, меҳнатдӯст ва сулҳпарвар аст. Ин ҳама бевосита бо хештаншиносии солим иртибот дорад: шахси худшинос он аст, ки арзиши Ватан, мардум, табиат ва худи инсонро дарк намояд.
Набояд фаромӯш сохт, ки ҷаҳони имрӯза бо тамоми дастовардҳои илмӣ‑техникӣ ва иттилоотии худ аз низоъҳо, ҷангҳо, ифротгароӣ, нажодпарастӣ ва бархӯрдҳои сиёсиву фарҳангӣ холӣ нест. Дар чунин шароит ҷаҳони мутамаддин ба арзишҳое рӯ меорад, ки метавонанд инсониятро муттаҳид созанд, на пароканда. Ҷашни Наврӯз маҳз як чунин арзиши умумбашарист.
Он дар шакли муосир ҳамчун ҷашни дорои паёмҳои зерини байналмилалӣ муаррифӣ мегардад:
- эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ;
- арзиш додан ба сулҳ, амният ва ҳамзистии осоишта;
- арҷгузорӣ ба меҳнат ва ободонӣ;
- гиромидошт ва ҳифзи муҳити зист.
Аз ин ҷост, ки ҷашни Наврӯз дар бисёр кишварҳо ҳамчун ҷашни баҳорӣ, ҷашни дӯстӣ ва ҷашни фарҳангӣ пазируфта шудааст. Дар ҳамин росто ҷашни Наврӯз як пули пайванди байни мо ва дигар халқҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад. Ин мубодилаи фарҳангӣ ба таҳкими сулҳ ва эътимоди мутақобила мусоидат менамояд.
Дар умум метавон чунин хулоса намуд, ки ҷашни Наврӯз ба маънои амиқаш ҷашни сулҳ ва хештаншиност:
- сулҳ, зеро инсонро ба бахшоиш, муҳаббат, ҳамкорӣ, ободонӣ ва эҳтироми ҳамдигар даъват месозад;
- хештаншиносӣ, зеро моро ба хотири ниёгон, таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ меандозад ва ҳисси ифтихор аз миллат ва Ватанро бедор менамояд.
- дӯстӣ ва бахшоиш.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҷашни Наврӯз – ҷашни ҳамзистии ин ду арзиши бузург аст: сулҳ ва хештаншиносӣ. Нигоҳдорӣ, ғанӣ гардондан ва бо рӯҳи замони нав ҳамқадам намудани ҷашни Наврӯз на танҳо иҷрои як суннати бостонӣ, балки иҷрои рисолати бузурги таърихии мо – ҳамчун фарзандони миллати куҳанбунёд ва сулҳпарвари тоҷик мебошад. Суннатҳои ҷашни Наврӯз моро водор месозад, ки насли навро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва покзодагӣ тарбият намоем.
Аз забони шоири шуҳратёр ва меҳандӯст ҳазрати Лоиқ Шералӣ ҳамагонро ба ҷашни Наврӯз табрик гуфтани ҳастам, ҳамон гуна, ки бузургвор фармудааст:
Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!
Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!
Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!
Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?
Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!
Воҳид МИРЗОЗОДА
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
