Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму ойн, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатмон буда, дар тули мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Наврӯз яке аз куҳантарин ва азизтарин ҷашнҳои мардумони ориёинажод, бахусус тоҷикон буда, ҳамчун рӯзи нав, оғози соли нави хуршедӣ, эҳёи табиат ва тозагии рӯҳу равони инсон таҷлил мегардад. Ин ҷашни бостонӣ бо гузашти ҳазорон сол на танҳо маҳви таърих нашудааст, балки имрӯз ба шарофати истиқлолияти миллии тоҷикон ба сатҳи ҷашни байналмилалӣ баромада, ба рамзи пайванди қавму халқҳо, дӯстии кишварҳо ва наздикшавии дилҳо табдил ёфтааст, ки ин ҳам рисолати бузурги ин ҷашн мебошад.
Муфассал бояд тазаккур дод, ки вожаи «Наврӯз» аз ду ҷузъ – «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, маънои «рӯзи нав», «оғози рӯзгори нав», «саршавии соли нав»-ро ифода мекунад. Дар таъриху фарҳанги мардуми мо ин рӯз доимо бо шодиву сурур, амалу ойинҳои неку муборак, бахшоиш ва оштӣ, покизагӣ ва некӣ тавъам будааст. Наврӯз аз замонҳои қадим дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз, яъне дар оғози баҳор таҷлил мешавад, ки дар тақвими имрӯза ба 21-уми март рост меояд. Маҳз дар ҳамин лаҳза табиат аз хоби зимистона бедор шуда, сабза мешукуфад, шохаҳо мерӯяд, ҷӯйҳои обӣ равон мешаванд ва ин ҳама бо зиндагии нав, орзӯи нав ва нияту нақшаҳои нав шабоҳат дорад, ки ба иди миллии Наврӯз пайванд мехӯрад. Барои ниёгони арҷманди мо Наврӯз танҳо як рӯзи тақвимӣ набуд, балки фалсафаи зиндагӣ, рамзи адлу эътидол ва мувозинати олам ба шумор мерафт. Ин ҷашн инсонро ба табиат, ба сарнавишти хеш ва ба атрофиёни худ хеле наздиктар месохт, фазои нав эҷод мекард, фасли тозаро боз менамуд ва дар умум ҷашни Наврӯз ҳамеша ба унвони рӯзи андешидани қадамҳои нек, оғози корҳои хайр ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ пазируфта мешуд, ки дар ин бора муҳаққиқон зиёд навиштаанд.
Роҷеъ ба ин масъала сарчашмаҳои куҳан шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз таърихи ҳазорсолаҳоро паси сар намуда, ҳанӯз дар давраҳои бостон – аз Пешдодиёну Кайониён то Сосониён – ҳамчун иди муҳим ва сартосарӣ таҷлил мегардид. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ва дигар муаррихон аз ҷашни Наврӯз, ойину расму маросим, рамзу маъниҳо ва рӯзҳои махсуси он ёдовар шуда, таъкид месозанд, ки мардум пеш аз фаро расидани Наврӯз хонаю кошона, кӯчаву маҳалла ва боғоти худро тозаю ороста мекарданд. Дар баъзе сарчашмаҳо, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, дар бораи пайдоиш, мақому манзалат ва шукӯҳи ин ҷашн ривоятҳо ва қиссаҳои зиёде оварда шудаанд, ки ҳамагӣ ба қадимӣ ва бузургии он далолат менамоянд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки бо вуҷуди фишорҳои зиёди таърихӣ, истилову таҳоҷумҳо ва иваз гардидани низомҳои сиёсӣ, ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни мардумӣ ва суннати пойдор аз байн нарафт. Баръакс, он ҳамеша дар қалби мардум, дар шеъру суруд, дар афсонаю ривоёт ва дар анъанаҳои хонаводагӣ зинда монд. Дар асрҳои гуногун Наврӯз ба яке аз омилҳое табдил ёфт, ки тавассути он наслҳо бо ҳам, гузашта бо имрӯз ва анъана бо замони нав пайванд мегирифтанд. Ҳар насл Наврӯзро ба навъе аз нав эҳё мекард, аммо моҳияти инсондӯстона ва сулҳофарини онро ҳифз менамуд.Фалсафаи аслии Наврӯзро аз насл ба насл интиқол медоданд ва ҳифз менамуданд…
Қайд намудан зарур аст, ки имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳон Наврӯзро маҳз бо ҳамин номи тоҷикӣ – «Наврӯз» мешиносанд, ки ин худ далели робитаи амиқи ин ҷашн бо тамаддуни форсию тоҷикӣ мебошад. Мақолаву тадқиқотҳои муосир ва санадҳои расмӣ таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии ташаккул, ҳифз ва густариши суннатҳои наврӯзист. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати фарҳангдӯстиву башардӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми нави давлатӣ гирифт ва бо шукӯҳи махсус дар саросари кишвар ва кунун ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Эълон гардидани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (Рӯзи байналмилалии Наврӯз – 21-уми март) нишон дод, ки ин ҷашни миллии тоҷикону форсҳои дунё ба як арзиши муштараки башарӣ табдил ёфтааст. Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёкунандаи фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз калидӣ арзёбӣ мегардад, зеро ташаббусҳои расмӣ, баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, конфронсҳо, ҷашнвораҳои фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба он мусоидат намуд, ки Наврӯз имрӯз дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ном ва рӯҳи шарқии хоси худ таҷлил гардад. Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ватани Наврӯз, балки пайвандгари маънавии халқҳои гуногун тавассути ин ҷашн гардидааст, ки ин бароямон ифтихори бузург мебошад.
Таъкид намудан зарур аст, ки яке аз паёмҳои аслии Наврӯз идеяи дӯстӣ, ҳамзистии осоишта ва ҳамбастагии қавму миллатҳо мебошад. Аз азал ин ҷашн на ба як миллат ё як мазҳаб, балки ба даҳҳо халқҳои гуногуни форсизабону туркзабон, мардумони минтақаҳои бузурги Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Ховари Миёна ва ҳатто берун аз он тааллуқ дорад. Маҳз ҳамин хусусияти фаромиллӣ аст, ки аз Наврӯз ҷашни воқеан умумибашарӣ ва рамзи пайванди қавмҳо сохтааст. Дар баробари тоҷикон, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, озарбойҷониҳо, курдҳо, афғонҳо, эрониҳо, фарҳангҳои дигар низ Наврӯзро ба таври хоси худ истиқбол мегиранд, аммо решаи маънавии он як аст, яъне шукргузорӣ аз зиндагӣ, эҳтиром ба табиат, покизагӣ, бахшоиш ва орзуи сулҳу хурсандӣ барои башар. Ин як навъ паём ва роҳнамоиву хислати ин ҷашни бузург мебошад.
Ёдрас бояд шуд, ки чорабиниҳои наврӯзӣ – мусобиқаҳои миллӣ, базмҳои гул ва наво, намоишҳои фарҳангӣ, фестивалҳои либоси миллӣ ва хӯрокҳои суннатӣ – ба як майдони васеи муоширати тамаддунҳо ва муаррифии мероси миллӣ табдил ёфтаанд. Дар чунин маҳфилҳо мардумони гуногун ба ҳам наздик мешаванд, аз якдигар меомӯзанд, забону урфу одат ва арзишҳои ҳамдигарро эҳтиром мекунанд. Ин ҳама боис мегардад, ки ҷашни Наврӯз имрӯз ба унвони «пайвандгари қавмҳо» шинохта шавад, яъне ҷашне, ки дар он фарқиятҳо маҳв ва умумиятҳои инсонӣ – муҳаббат ба зиндагӣ, орзуи сулҳ, эҳтироми инсон, меҳнавозӣ ва саховатмандӣ – қувват мегиранд.
Ин масъаларо бояд матраҳ созам, ки мафҳуми «нусратбахши дилҳо» дар мавриди ҷашни Наврӯз аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ҷашн пеш аз ҳама ба олами ботинии инсон, ба дунёи эҳсос, ормон ва умед тааллуқ дорад. Ҷашни Наврӯз ба инсон хотиррасон менамояд, ки мисли табиат бояд аз хоби ғафлат бедор шавад, аз ғубори кинаву адоват, ғаму андӯҳи рӯзгор, ноумедиву сустӣ худро раҳо созад ва бо дилу нияти пок ба сӯи зиндагии нав қадам гузорад. Оинҳои суннатӣ – монанди хонаободкунӣ, пок кардани ҳавливу кӯча, зиёрати пиронсолону наздикони азиз, бахшоиши гуноҳҳои ҳамдигар, додани садақа ба ниёзмандон, омода кардани хуҷраҳои идона, пухтани суманак ва дигар хӯрокҳои рамзӣ – ҳама ба он равона карда шудаанд, ки дар қалби инсон умед, самимият ва меҳру муҳаббат бедор гардаду зиндагии навро оғоз бахшад.
Дар мавриди яке аз рамзҳои суманак, ки аз гандуми сабзида пухта мешавад, бояд гуфт, ки рамзи фаровонӣ, сабзиши зиндагӣ ва хушруӯзгорист, яъне ҳар қадам дар раванди пухтани он бо дуо, суруд ва орзуҳои нек ҳамроҳ мешавад ва ба таври рамзӣ дили одамонро бо умед пур мегардонад. Ҷашни Наврӯз бо шодию хурсандӣ, рақсу тарона, бозию мусобиқаҳо ва базмҳои бузурги фалсафиву хушҳолсозанда дилҳоро аз андӯҳ холӣ карда, руҳро бо неруи тоза, завқи зиндагӣ ва илҳоми нав пур месозад. Аз ин рӯ, мардум барҳақ мегӯянд, ки Наврӯз айёми кушода шудани рӯйдодҳои нек ва нусратбахшии дилҳо, айёми бартараф гардидани ранҷишҳо ва пойдор гаштани муҳаббати нав дар миёни ҷомеа мебошад.
Кунун, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки бархе аз қавму миллатҳо бо моҷарою низоъ, ихтилофи манфиатҳо ва хатарҳои гуногуни иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯянд, ҷашни Наврӯз метавонад намунаи равшани фарҳанги сулҳ, таҳаммул, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта бошад. Маҳз дар айёми ин ҷашни бузурги миллӣ арзишҳое чун меҳмоннавозӣ, муҳаббат ба ҳамсоя, эҳтиром ба бузургон, дастгирии ниёзмандон, ҳамкорӣ ва ҳамраъйӣ дар ҷомеа, сулҳхоҳиву дӯстӣ бештар зуҳур мекунанд ки ин ҳама дар тарбияи насли наврас ҳамчун шаҳрвандони худшинос, ватандӯст, фарҳангшиносу масъулиятшинос, поквиҷдон ва сулҳдӯст саҳми калон мегузорад.
Дар ватани азизамон Тоҷикистон таҷлили ҷашни Наврӯз бо барномаҳои васеи маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ҳамроҳ гардида, барои ҷавонон имконият фароҳам меоварад, ки дар рӯҳияи ифтихор аз таърих ва тамаддуни миллӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва омодагӣ ба созандагиву бунёдкорӣ тарбия ёбанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо таъкид месозанд, ки Наврӯз рамзи воқеии ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдату дӯстӣ миёни ҷомеа мебошад. Ба ҳамин далел ҷашни Наврӯз ба таври амалӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва тарбияи фарҳанги масъулиятшиносиву ташаккули ҷомеа шаҳрвандӣ нақши муассир мебозад.
Дар фаровард метавон чунин хулоса намуд, ки ҷашни Наврӯз танҳо иди оғози баҳор ё соли нав нест, балки он таҷассумгари таърихи пурғановати ниёгони мо, рамзи зиндашавии табиат ва инсон, ойинаи фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ, мактаби дӯстӣ, таҳаммул ва ҳамзистии осоишта, дӯстиву рафоқати қавму миллатҳо мебошад. Набояд фаромӯш сохт, ки ҷашни Наврӯз дар тӯли садсолаҳо қавму халқҳои гуногунро гирди як дастурхони маънавӣ ва як ғояи волои инсондӯстӣ ҷамъ оварда, ба пайванди азалии онҳо бо табиат, бо гузашта, бо имрӯз ва бо ояндаи нек шакл додааст. Маҳз ҳамин паёмҳои умумиинсонӣ ва башардӯстона буд, ки ҷашни Наврӯзро ба «пайвандгари қавмҳо ва нусратбахши дилҳо» табдил дод ва он имрӯз низ дар олами пуртазод ҳамчун ҷашни некӣ, сулҳ, муҳаббат ва умеди нав ба ҳаёт шинохта мешавад.
Шукринисо РАҲИМЗОДА
декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
