Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорони забони чинии Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий хонум Сун Даман, директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Насриддинов Замониддин, муовини директор Эминҷон Азимов, муҳосиб Садикова Наргис ва дигар омӯзгорону коргузорони Донишкада ширкат намуданд.
Давлатзода Давлат роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории Донишкада ба донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, тартиби ҷалби забономӯзон ба машғулиятҳо, фароҳам овардани шароити хубу муосир барои забономӯзӣ, ҷалби омӯзгорони варзидаву собиқадор, баррасии ҷадвали корӣ, мутобиқати замони тадрис, ҳавасманд намудани омӯзгорон, дастгирии ҷавонони боистеъдод, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Оиннома”-и Донишкадаи Конфутсий, ҷоннок намудани ҳамкориҳои бо кафедраҳои тахассусӣ, ҷалби гранту лоиҳаи муштарак, ташкили мулоқоту вохӯриҳо, баргузории “Рӯзи дарҳои кушод”, омода намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ҳамкорӣ бо муассисаҳои ҳамсон ва риояи низоми корӣ сухан ронда, баҳри пешбурди фаъолияти пурсамар ба масъулин машваратҳо дод.
Дар ҷаласа ҷонибҳо озодона андешаҳояшонро иброз дошта, баҳри пешрафти кор ва рушди Донишкада ваъдаи фаъолияти пурсамарро доданд.
Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегӣ буда, густариши равобити фарҳангӣ ва илму маориф бар пояи Созишномаи аз ҷониби тарафайн ба имзо расида, ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони донандаи забони чиноӣ Донишкадаи Конфутсий фаъолият дорад, ки дар он омӯзгорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳавасмандон забони чинӣ меомӯзонанд ва ин муассиса яке аз беҳтарин марказҳои омӯзиши фарҳангу забони чиноӣ дар вилояти Суғд мебошад.
Шуъбаи иттилоот
