Тибқи дастур ва супориши ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон аз ҷараёни таълим ва ҳолати коршоямии синфхонаҳои таълимӣ, аёниятҳо, васоити таълимӣ санҷиш гузаронид.
Муовини аввали ректор Давлатзода Давлатро дар ин давраи санҷишӣ сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат ва декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо ҳамроҳӣ намуданд.
Давлатзода Давлат аз ҳар як синфхона дидан намуда, бо донишҷӯён ошкоро мулоқот намуд ва донишҳои сиёсии онҳоро санҷид. Маълум гардид, ки донишҷӯён тафаккури баланди техникӣ доранду бештар ба фанҳои техникӣ завқ доранд ва хоҳони кор дар озмоишгоҳу Фаблабҳои донишкада ҳастанд.
Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба донишҷӯён иттилоъ дод, ки тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар назди Парки технологӣ устохонаҳо ва марказҳои омӯзишии касбӣ ифтитоҳ карда шудааст ва ҳар як донишҷӯ метавонад, донишҳои хешро дар амалия татбиқ созад.
Шуъбаи иттилоот


