Пас аз ширкат ба тариқи маҷозӣ дар ҷаласаи назоратии назди муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат бо ҳайати роҳбарикунандаи факултетҳо, бахшу шуъбаҳои масъул ҷаласа баргузор намуд.
Дар ҷаласаи мазкур декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин, декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо, декани факултети корҳои куҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат, кормандони маркази тестӣ, фосилавӣ ва бақайдгирӣ устод Саидов Асомиддин ва Иноятова Гулрухсор, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбар, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Хуршед, сардори шуъбаи аспирантура ва магистратура Розиқов Абдусамад ширкат намуданд.
Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат нахуст аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, рушди соҳаро омили аслии рушд арзёбӣ намуд.
Мавсуф роҷеъ ба назорати триместр, ҳузури донишҷӯён ба дарсҳо, риояи талаботи низоми кредитии таҳсилот, риояи қоидаҳои баҳогузорӣ, баргузор намудани ҳамапурсӣ, вобаста намудани масгистрону аспирантон ба профессорон ва олимони соҳа, назорати ҷараёни корҳои илмии унвонҷӯён, баргузор намудани ҳамапурсӣ миёни донишҷӯён, ҳавасманд намудани донишҷӯёни фаъол, дастгирии молиявии ятимони кулл, маъюбон, баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ, ба роҳ мондани ҳамкории донишкада бо муассисаҳои олии таълимии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ҷалби омӯзгорони ҷавон сухан ронда, барои андешидани тадбирҳо ба масъулин муҳлат дод.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
