Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён мулоқоти судманди муштарак баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём иттилоъ дод.
Дар мулоқоти мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Шаҳноза Каримӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Бӯстон Фарзона Ҳофиззода, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Усмонов Ҳамидулло ва сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Муслимзода Хайём ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ Шаҳноза Каримӣ, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, мудири бахши кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Ҳофиззода Фарзона, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Усмонов Ҳамидулло
вобаста ба мавзуоти муҳим суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ байни донишҷӯёну омӯзгорон ва меҳмонон суҳбати озоду судманд сурат гирифт, ки донишҷӯён саволҳои муҳим ва мубрамро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.



