
Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати
сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия, номзади илмҳои ҳарбӣ Аълозода Муҳаммадрасул Аъло, муовини сардор ҳамин марказ подполковник Шобулбулзода Саломатшоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ҷаҳолатпеша ва мақсади мулоқоту вохӯрии имрӯза сухан ронд.
Сипас, сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Аълозода Муҳаммадрасул дар мавзуи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм” сухан ронда, роҷеъ ба зарару зиёни созмонҳои террористиву экстремистӣ ба ҷомеа, оқибати амалҳои террористӣ, хатари аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистӣ, намудҳои созмонҳои террористиву экстремистӣ, тарзи фаъолият ва хиёнати онон бар давлату миллат, гумроҳсозии насли ҷавон, Стратегияи муқовимат бо терроризму экстремизм махсус таъкид намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки бо пешрафти илму технология аъзоёни созмонҳои террористиву экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода менамоянд, ки барои ҷавонони ноогоҳу камхрад хеле хатарнок мебошад ва аз ин лиҳоз ҷавонон бояд ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёру зирак бошанд, бо истифода аз ҳар ҳолат ба доми террористҳову экстремистҳо наафтанд. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки аксарияти ба дом афтидагон, ҷавонони ноогоҳу нохонда ва камдонишу бехабар аз воқеиятҳои ҷаҳони муосир мебошанд.
Зеро ҳар амали нодуруст ва ҳар ҳаракати ғайриқонунӣ бар ҷамъият зарар меоварад, бар худи шахс мусибат меоварад.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза ба як қатор омӯзгорони фаъол барои ҳамкории мустақим Сипосномаи ВКД ҶТ тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М.Саидов