
Имрӯз, тибқи супориш ва дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, сардори раёсати таълим Осими Оқил, декани факултети электромеханика Қозизода Камолуддин вориди синфҳо гардида, бо донишҷӯёни факултети электромеханика суҳбати ошкор намуданд.
Зимни суҳбат бо донишҷӯён муовини аввали ректор Давлатзода Давлат таъкид намуд, ки моро роҳбари муҳтарами донишкада муваззаф сохтанд, ки бо шумо ошкоро мулоқот намоем ва ҳар як арзу шикоят ва ҳарфи шуморо ба муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ бирасонем. Шумо хуб медонед, ки профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ борҳо таъкид намуданд, ки бар ҳар як донишҷӯ ҳамчун фарзанди худ, ғамхорӣ менамоянд, доим омодаанд падарвор ба донишҷӯён баҳри донишандӯзӣ мусоидат намоянд ва аз ҳамин лиҳоз чӣ камбудие доред, чӣ мушкилоте дар таҳсил доред, боз чӣ навгониҳоро дар ҷараёни таълим дидан мехоҳед, марҳамат бидуни ягон тарсу ҳарос ва дудилагӣ баён кунед…
Ҳамзамон, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз донишҷӯён аз барномаи таълимӣ, омодагии омӯзгор, равиши дарсгузарии омӯзгорон, омодагии омӯзгорон, шароити синфхонаҳо, имконияти китобхонаҳо пурсон шуда, изҳор дошт, ки агар тарзи дарсгузарии омӯзгоре бароятон писанд нест, ё дар барномаи таълимии фан иштибоҳеро мутаваҷҷеҳ шудед, марҳамат озод ба мо бигӯед.
Донишҷӯён аз тарзи дарсгузариву муносибати омӯзгорон изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда доданд, ки хубу аъло мехонанд.
Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки хубу аъло хонанд, аз имкониятҳои китобхонаи донишкада истифода намоянд, аз озмоишгоҳҳо истифода баранд, бо сару либоси тоза ба дарсҳо сари вақт ҳозир шаванд, дар озмунҳо ва олимпиадаҳо фаъолона ширкат намоянд.
Дар фароварди мулоқот Давлатзода Давлат ба донишомӯзон барору муваффақият таманно намуда, таъкид намуд, ки Шумо донишҷӯён бояд хубу аъло хонед, аз фурсати ба даст омада хуб истифода намоед, зеро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ беҳтарин инсон ва ғамхортарин ректор ҳастанд, ки доим дар бораи беҳсозии шароиту имконият барои Шумо донишҷӯён талошу кӯшиш менамоянд ва ин шанси хуб ва бахти баланди Шумо донишҷӯёни азиз мебошад. Барои ҳамин ҳаракат кунед, то хубу аъло хонеду мутахассиси хуб гардед.
Мавсуф изҳор дошт, ки сарпарасти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳар як донишҷӯ бевосита дар зери назорати роҳбарияти вазорат асту пас аз хатми донишкада, ҳатман бо ҷойи кор дар корхонаҳои саноатӣ таъмин карда мешавад. Барои ҳамин хубу аъло хонед ва мутахассиси хуб шавед. Мутахассиси донишманду зирак, меҳандӯсту меҳнатдӯст ҳамеша зери ҳимояи давлату миллат қарор дораду доимо соҳибэҳтиром мегардад.
Ҳамчунин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон суханронӣ намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки хубу аъло хонда, мутахассисони хуб гарданд. Зеро чунин имконият якбор ба даст меояд.
Шуъбаи иттилоот
