Намояндагони Корхонаи тозатаъсиси истихроҷи сурмаи Моғиён ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда, ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба ин коргоҳ бо муовини аввали ректор Давлатзода Давлат мулоқот намуданд.
Давлатзода Давлат тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо соҳибкорон ва корфармоёни чинӣ мулоқот намуда, ба онҳо аз имконият, шартҳои омода намудани мутахассисони ҷавони соҳавӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқи хатмкардагони ба кор ҷалбшаванда ва бастани шартномаи ҳамкорӣ гуфта гузашт.
Дар мулоқот ҳамроҳи муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Деҳқонов Дилшод, декани факултети металлургия Собирова Шукринисо, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт ширкат намуданд.
Намояндагони корхонаи истеҳсоли сурмаи Моғиён ваъда доданд, ки ҷиҳати ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро густариш медиҳанд.
Шуъбаи иттилоот

