
17 июли соли 2025 дар шаҳри Бӯстон мулоқоти муҳими корӣ миёни роҳбарони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндаи Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ дар байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Созмони ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист” баргузор шуд. Ҷонибҳо садоқати худро ба ҳамкории муштарак дар самти ҳифзи муҳити зист, рушди устувор ва тарбияи насли нави мутахассисони баландпоя ба мушкилоти экологӣ ва геологӣ дар минтақа барраси гардид.
Ҳадафи аслии ин сафари корӣ шиносоии муфассал бо фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии донишкада, инчунин баррасии дурнамои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, илм, экология ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ буд.
Роҳбарияти донишкада ҳайати меҳмонони хориҷиро бо самимияти хоса истиқбол гирифта, дастовардҳои калидии муассисаи таълимиро муаррифӣ намуданд. Ба меҳмонон озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва майдончаҳои таҳқиқотӣ бо таҷҳизоти муосир намоиш дода шуданд, ки дар онҳо таҳқиқоти илмӣ дар самтҳои муҳими соҳаҳо аз ҷумла геология, экология, истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия – ба роҳ монда шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои омодасозии мутахассисони баландихтисос, тақвияти ҳаракати академӣ, амалӣ гардондани барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, инчунин таъсиси платформа барои мубодилаи таҷриба миёни устодон ва донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо равона гардид.
Ҷонибҳо дар фазои гуфтугӯи созанда ҳавасмандии муштараки худро ҷиҳати тавсеаи шаклҳои ҳамкорӣ, рушди лоиҳаҳои фаромарзӣ ва пуштибонии ташаббусҳои устувор дар бахшҳои илмӣ ва таълимӣ иброз доштанд.
Натиҷаҳои мулоқот як қадами муҳиму устувор дар самти таҳкими робитаҳои байналмилалии донишкада гардида, барои воридсозии таҳсилоти олии донишкада ба фазои ҷаҳонии илм ва маориф дурнамои васеъро кушоданд. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бори дигар садоқати худро ба меъёрҳои байналмилалии сифат ва рушди динамикӣ ба манфиати тамоми минтақа собит намуд.
Дар поёни мулоқот раисони ҳайатҳои Иттиҳоди Аврупо ва САҲА, инчунин дигар меҳмонони мӯҳтарам миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Донишкада барои қабули самимӣ, ташкили баланди сатҳи сафари корӣ баён намуданд. Ба гуфтаи онҳо, ин боздид марҳилаи муҳими таҳкими робитаҳои шарикӣ гардида, заминаи боэътимод барои ҳамкории самараноки оянда гузошт.
Мирбобоев Ш.Ҷ.
Мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ