МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИСТОНИ ВАТАНФУРӮШ АМАЛИ НЕК ВА НОМУСИ МАРДОНАГӢ МЕБОШАД!

Имрӯзҳо мебинем, ки душманони давлату миллати тоҷик бо истифода аз забони тоҷикӣ ва ҷоймаҳали зисти худ истифода намуда, худро тоҷик ва ғамхору бо дин муаррифӣ намуда, мубориза мебаранд. Ва мехоҳанд, ки насли ҷавонро гумроҳ сохта, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд.
Маълум аст, ки онон на тоҷиканду на ҳувияти тоҷикӣ доранд ва мақсаду маромашон ҳам ин гумроҳ сохтани насли ҷавон мебошаду халос.
Аз ин лиҳоз бо сохтану пешниҳоди барномаҳои мухталиф ва нодуруст баён намудани ҳолат мехоҳанд, барои худ имиҷ созанд. Лек он хоинони миллати тоҷик, аъзоёни ташкилотҳои террористӣ -экстремистӣ фаромӯш кардаанд, ки миллат кайҳо чеҳраи душманонро шинохтаву ободиву суботи ва ваҳдатро ба ягон чиз иваз намекунад.
Миллати сарбаланди тоҷик аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хулосаи амиқи худро бардошт ва чеҳраи душманонашро шинохт. Ба ҳамин далел ҳаргиз дубора иштибоҳ нахоҳад кард.
Он чӣ душманони миллати тоҷик дар Аврупо ва дигар нуқоти ҷаҳон нишаста мегӯянд, фарзандони меҳанамонро таҳқир мекунанд, туҳмату бӯҳтон мебофанд, ҳарзае беш нест!
Душманони давлату миллати тоҷик аниқтараш душманони истиқлол ва озодии Тоҷикистон, аниқтараш террористони виҷдонфурӯхтаву аслбохта, фаромӯш кардаанд, ки тоҷику тоҷикистонӣ ҳаргиз фиреби кафторҳои ватанмаҳрумро нахоҳад хӯрд.
Ҳоло барномаву гузоришҳои хиёнаткорон ва аслбохтагони муқими Аврупоро дида, кас дар тааҷҷуб меафтад, ки наход инсон ҳамин қадар дарунаш сиёҳу забонаш ҳайвонӣ бошад???
Онон имрӯз бо истифода аз интернет бо ҳар баҳонае мехоҳанд, мақсадҳои нопоки худ ва хоҷагони хориҷияшонро амалӣ созанд, ки ин хиёнати маҳз мебошад ва мо бояд бар зидди чунин хоинону душманон ва террористон муборизаи беамон бибарем.
Чунки бар зидди аъзоёни ташкилотҳои террористӣ -экстремистӣ ба монанди ТТЭ ПМТ, ТТЭ ҲНИТ, ТТЭ “Гурӯҳи 24” ва садҳо дигар ташкилотҳои ба инҳо монанд, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон кардааст, бояд муборизаи беамон бурда. Ҳар чӣ набошад, душман ин душман аст!
Мо, бояд арзишҳои миллиро, сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намуда, марзи муқаддаси Ватанамонро дифоъ намоем. Ба қадри Истиқлол ва ин ободиҳо бояд расид!
Зеро ҳар лаҳзаи бетарафи нисбат ба душманони меҳан, ҳар лаҳзаи бетарафи нисбат ба душманони истиқлолият ин хиёнат бар насли имрӯзу фардо мебошад. Ва мо бояд бар зидди душманони давлату миллат фаъолияти пурсамар ва беамон бибарем. Мо, бояд душманони давлату миллат, озодиву истиқлол ва саодати миллатро нест намоем, то озодона зиндагӣ намоем. Ҳама гуна мубориза бар зидди душманони давлату миллат, террористони виҷдонфурӯхтаву аслбохта ин амали нек ва номуси мардонагӣ мебошад.
М. Саидов
 ДКМТ