Ҳамчун шаҳрванди ватандӯст, ҳамчун шаҳрванди шукргузор аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шаҳрванди арҷгузор ба арзишҳои миллӣ, ҳамчун ҳомии арзишҳои миллӣ, ҳамчун ватандӯсти асил мехоҳам бигӯям, ки ҳама гуна фаъолияти экстремистӣ – террористӣ барои рушди инсоният, барои шаклгирии тафаккури созанда, барои ташаккули ҷамъияти солим зиён мерасонаду халос. Ҳама гуна фаъолияти ифротгароёна, ҳама гуна амали ғайриахлоқӣ, ҳама гуна амали ғайриинсонӣ бар зарари ҷамъият асту халос.
Он чӣ имрӯз мо дар кишвари ҳамсоя мебинем, он чӣ мо ҳоло дар сарҳадот мушоҳида менамоем, гувоҳ бар он аст, ки нарасидани хирад, ахлоқи паст, рафтори нодуруст, тарбияи ғайриинсонӣ ва муҳити носолим боис гардидааст, ки гурӯҳҳои террористиву созмонҳои террористии тахрибкор шакл бигиранд. Вазъи пасти мафкуравӣ мусоидат кардааст, ки як силсила оқипадарҳо, ғайриинсонҳо, тарбиянадидаҳо ба сарҳади як кишвари дигар ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом бидиҳанд.
Он чӣ шоми 23 декабр дар сарҳадот сурат гирифт, гувоҳ бар он аст, ки вазъ хеле нигаронкунанда ва бисёр ҳам муташанниҷ мебошад.
Ин чиз бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати тақдири худ, нисбати тарбияи фарзанди худ, нисбати ояндаи насли ҷавон бетараф набошем ва барои тарбияи дурусти фарзандон, шинохти вазъ, интихоби дурусти роҳ кӯшиш намоем…
Ҳолати дирӯза, нишон медиҳад, ки ҳарчанд мо дар асри 21 зиндагӣ менамоем, лек ҳанӯз ҳам ҳастанд афроди бефарҳангу бехирад, ҳастанд афроди бефарқ ва насабзида, ҳастанд инсонсуратҳои бемағзу зишт, ҳастанд афроди аҳли ҷаҳлу дур аз мардонагӣ, ки фирефтаи созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ гардида, ҳаёти осудаву ороми дигаронро зери хатар мегузоранд ва барои дигарон даҳшат меофаранд, ки ин хиёнати маҳз бар тамоми унсурҳои инсонӣ мебошад…
Он чӣ аз сар мегузарад, бояд мавриди таҳлил ва омӯзиши амиқи қарор бигирад. Он чӣ ҳоло мегузарад, бояд мардона мавриди арзёбӣ қарор бигирад. Ҳоло фурсат расидааст, ки ҳамчун шаҳрванд мо бояд барои кушодани чашми ҷомеа аз фаъолияти душманонаи гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ бигӯем. Ошкоро бар ҷомеа бифаҳмонем, ки фаъолияти созмонҳои террористиву экстремистӣ бар зидди инсоният, бар зидди осоиштагиву осудагиву ваҳдат ва рушди ҷомеа равона карда шудаасту халос.
Дирӯз, дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду нафар сарбози Ватан, ду нафар ҳомиёни нангу номус мардона мубориза бурда, ба ҳалокат расиданд, ки ин чиз моро ҳамчун инсон, ҳамчун шаҳрванди бедори Тоҷикистон бетараф намегузорад.
Онҳо дар роҳи дифоъ аз марзу бум, дар натиҷаи ҳимоя аз номус ҷони хеш аз даст доданд ва ин ҳолат моро набояд ором гузорад. Зеро дар ҷойи онҳо метавонист ман бошам, ё як нафар аз аъзои хонаводаи мо ва ин чиз дарди ҳамаи мост. Ин фоҷеа, фоҷеаи ҳамаи мост.
Аз ин рӯ, мо набояд ин ҳолатро беҷавоб монем ва бояд барои несту нобуд сохтани гурӯҳҳои террористӣ ҳаматарафа фаъолият барем.
Ҳукумати кишвар, масъулин ҳама корро анҷом дода истодаанд, лек мо низ набояд бетараф бошем. Бояд бо ҳар роҳ, бо тавони имкон дар доираи қонунҳои амалкунанда бар зидди душманони давлату миллат мубориза барем, исбот намоем, ки мо ҳамон ориёиҳои асил, ҳамон мардони нангу номус, ҳамон муҳофизони арзишҳои волои инсонӣ ҳастему барои несту нобуд сохтани андешаи бад, барои нест намудани қувваи бадӣ, барои нест намудани террористон, барои нест кардани душманони давлату миллат, барои ҳифзи тоҷикият, давлатдории миллӣ ва марзи муқаддаси Ватанамон ҷонамонро фидо месозем!
Ҳамлаи дирӯза ба хоки муқаддаси сарзаминро ҳамчун инсон, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун пайрави асили Сарвари хирадманди давлат, ҳамчун ходими иттилоотӣ расман маҳкум менамоям!
Мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ -экстремистӣ ин иҷрои рисолати волои инсонӣ мебошад!
Муҳаммад Саидов
ватандӯст
