МОДАР – ФАРИШТА БУДУ ҲАСТ

Дар тамоми фарҳангҳо ва тамаддунҳои ҷаҳон модар ҳамчун рамзи муҳаббат, покӣ ва фидокорӣ эътироф шудааст. Дар фарҳанги бою ғании миллати сарбаланди тоҷик низ мақоми модар хеле баланд буда, ӯро ҳамчун сарчашмаи меҳрубонӣ, тарбия ва инсондӯстӣ, фариштаи заминӣ мешиносанд.
Модар шахсест, ки аз рӯзҳои аввали ба дунё омадан, ба камол расидани фарзанд ва то зинда будани худ бо муҳаббат, ғамхорӣ ва сабру таҳаммул барои ӯ заҳмат мекашад. Вай на танҳо фарзандро ба дунё меорад, балки ба ӯ некиву накӯкорӣ, инсонпарварӣ, рафоқату меҳнатқаринӣ ва дӯстдоштанро меомӯзад ва ӯро дар самти меҳанпарастӣ тарбия намуда, роҳнамоӣ менамояд ва ба ҳаёти мустақилона омода месозад. Аз ҳамин сабаб дар бисёр фарҳангҳо модарро ба фаришта монанд мекунанд, зеро ӯ бо меҳрубонӣ ва фидокории худ ҳаёти инсонро равшан месозад.
Яке аз муҳимтарин шахсиятҳо дар ҳаёти инсон, модар ба ҳисоб меравад. Оила ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа шинохта мешавад ва дар дохили ин воҳид модар нақши марказӣ дорад. Ӯ муҳити тарбиявиро дар оила ташкил мекунад. Қисми зиёди муваффақиятҳои оила аз заковатмандии модар сарчашма мегирад.
Дар ҷомеаи тоҷик эҳтироми модар ҳамчун як арзиши бузурги ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Дар урфу одат, анъанаҳо ва адабиёти мардумӣ модар ҳамеша бо эҳтироми зиёд ёд карда мешавад. Ин эҳтиром аз он сарчашма мегирад, ки модар барои фарзанд заҳматҳои зиёд мекашад ва барои хушбахтии ӯ омода аст ҳар гуна душвориро таҳаммул намояд.
Якшаба он ранҷ ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ, модар яке аз омилҳои асосии устувории оила ва давлат маҳсуб меёбад. Ӯ муҳити гарм ва меҳрубони оилавиро нигоҳ медорад, ки ин барои рушди солими равонӣ ва ахлоқии фарзандон хеле муҳим аст.
Мафҳуми “фаришта” дар фарҳангҳои гуногун рамзи покӣ, некиву меҳрубонӣ ва ҳимоя мебошад. Вақте ки модарро ба фаришта монанд мекунанд, ин маънои онро дорад, ки ӯ дорои хислатҳои баландтарини инсонӣ мебошад.
Модар мисли фаришта ҳамеша дар паҳлӯи фарзанд қарор дорад. Вай дар лаҳзаҳои душвор фарзандро дастгирӣ мекунад, ба ӯ рӯҳбаландӣ мебахшад ва роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад. Муҳаббати модар пок ва беғараз аст, зеро ӯ аз фарзанд ҳеҷ гуна манфиати шахсӣ намехоҳад.
Аз нуқтаи назари ахлоқӣ, модар намунаи олии меҳрубонӣ ва инсондӯстӣ мебошад. Вай ба фарзанд сабр, эҳтиром ба дигарон ва ҳисси масъулиятро меомӯзонад. Ин хислатҳо барои ташаккули шахсияти комил аҳамияти калон доранд. Нақши модар дар ташаккули шахсияти фарзанд басо бузург мебошад.
Ҳукумати кишвар зери сарварии фарзанди хирадманди миллат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар мақом, қадру манзалати зан -модар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои баланд бардоштани мақоми зонону модарон дар ҷомеа як қатор корҳои заруриро ба анҷом расонид. Таҷлили 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар дар кишвар маънии бузургии эҳтиром ва арҷгузорӣ бар ин фариштаи меҳрофарро мефаҳмонад…
Равоншиносон ва ҷомеашиносон таъкид мекунанд, ки муҳити оилавӣ дар рушди шахсияти инсон таъсири ҳалкунанда дорад. Дар ин раванд модар нақши муҳим мебозад, зеро кӯдак бештар вақтро бо ӯ мегузаронад.
Модар аввалин омӯзгори башарият ҳисобида мешавад, зеро ӯ ба фарзанд сухан гуфтан, роҳ рафтан, чӣ тавр мкносибат кардан бо дигаронро меомӯзонад. Ин раванд барои ташаккули фарҳанги ахлоқии инсон аҳамияти калон дорад.
Дар гуфтоварди динӣ, аз ҷумла дар боварҳои мо, модар мақоми махсус дорад. Дар таълимоти ахлоқӣ эҳтироми модар яке аз муҳимтарин вазифаҳои ахлоқии инсон ҳисобида мешавад. Ҳатто паёмбар Муҳаммад(с) дар ҳадисҳои худ ба бузургии модар, эҳтиром бар ӯ таъкид кардааст.
Аз ҷумла гуфтааст, ки “биҳишт зери қудуми модарон аст”. Ин андеша нишон медиҳад, ки хизмат ба модар ва эҳтироми ӯ аз бузургтарин амалҳои нек ба ҳисоб меравад.
Шеъри зерин низ яке аз намунаҳои равшани гуфтаҳои боло мебошад:
Дили модар чу дарёи равон аст,
Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.
Сано бодо Муҳаммадро чӣ хуш гуфт,
Биҳишт зери қудуми модарон аст.
Ин таълимот дар фарҳанги тоҷик низ таъсири калон расонидааст. Дар ҷомеаи тоҷик эҳтироми модар ҳамчун як арзиши муқаддас пазируфта шудааст.
Аз нуқтаи назари илмӣ ва иҷтимоӣ низ модар дар ташаккули шахсият ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозад. Тарбияи дурусти фарзанд, ки асоси пешрафти ҷомеа мебошад, пеш аз ҳама ба модар вобаста аст.
Модар фаришта буд вале болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар аммо хабар надошт.
Ё дошт бовари зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудошудан зи ману аз падар надошт.
Ҳамин тавр, модарро метавон ҳамчун фариштаи заминӣ номид, зеро ӯ бо муҳаббат ва меҳрубонии худ ба зиндагии инсон маъно мебахшад. Эҳтиром ва қадрдонии модар вазифаи ахлоқии ҳар як инсон буда, ба таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ ва маънавии ҷомеа мусоидат мекунад.
Ид муборак модарони азиз!
ЭШОВ ЗУЛФОН СУБҲОНОВИЧ
муаллими калони кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон