Дар тафаккури миллати тоҷик ҷойгоҳи модар ин фариштаи беҳтарини ҳастӣ бисёр баланд аст ва ҳамеша ҳамчун арзиши олӣ бар ӯ муроҷиат мешавад. Модар беҳтарин мавҷуди ҳастӣ дар олам мебошад, чун ӯ манбаи ҳаёт, муҳаббат ва неруву тавон аст. Дар фарҳанги ҳар як қавму миллат, модар ҳамчун рамзи покӣ ва фидокорӣ, фариштаи ҳастӣ ва қисматофар шинохта мешавад. Модар беҳтарин муъҷиза дар рӯи замин мебошад.
Модар нахустин инсонест, ки дили кӯдаки навзодро бо олами зебогӣ ва хушиҳо рангин мекунад, бо муҳаббати гарм пур мекунад. Ин муҳаббат аз вақте оғоз мешавад, ки дар батни модар кӯдак пайдо мегардад. Ӯ шабу рӯз дар фикри фарзанд мешавад, дунёи варо бо хаёлот ширину мекунад, то таваллуд шуданаш. Масалан, вақте кӯдак бемор мешавад, модар аввалин касе аст, ки дар паҳлӯи ӯ мемонад ва бо дасти нарму навозишаш табобат мекунад, бо нураш ба тифл шифо мебахшад. Модар тамоми ранҷу кулфатро бар дӯш мегирад, то фарзандаш мариз нагрдад, хориву зориро набинад. Ин ҳолат табиати хоси модар мебошад. Ин муҳаббат мисли нури хуршед аст, ки ҳама ҷойро равшан мекунад ва ҳаргиз тира ё бо сабабе хомӯш намегардад.
Дар ҳаёти ҳаррӯза низ модар бо як табассуми гарм рӯзи фарзандро зебо мегардонад, зиндагиро ширин месозад. Ӯ на танҳо ғизо медиҳад, балки бо ҳар калима ва амал эътимоди ӯро афзун месозад. Ин ҳиссиётҳо фарзандро барои ҳаёти пурмазмун омода мегардонад.
Модар ҳар лаҳза қурбонӣ медиҳад – вақт, нерӯ ва ҳатто саломатии хешро. Ин қурбониҳо беҳтарин намунаи муҳаббати модар аст.
Масалан, як модар метавонад орзуҳои ҷавонӣ – мисли таҳсил дар донишгоҳ ё сафарҳоро барои тарбияи фарзандон тарк кунад. Ин фидокорӣ ҳатто дар асрҳои гузашта мисли қаҳрамонҳои афсонавӣ тасвир шудааст, ки барои фарзандҳо кӯҳҳоеро ҷӯш мезаданд.
Илова бар ин, модарон дар бемориҳо ва мушкилот аввал ҳимоятгар мешаванд. Вақте фарзанд хато мекунад, ӯ нахустин касе аст, ки бахшиш медиҳад ва барояш роҳи дурустро нишон медиҳад. Ин қурбониҳо на танҳо ҷисмонӣ, балки рӯҳӣ низ ҳастанд ва модарро ба сатҳи баланди инсонӣ мерасонанд. Ин аст, табиати як фариштаи меҳр ва тақдирсоз. Модар оғозбахши ҳастии мо ва аввалин мактабсози зиндагии мо дар оламим меҳру муҳаббат мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тасвири модар чунин фармудаанд: “Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад”.
Модар аввалин муаллим ва тарбиягари фарзанд аст. Ӯ ахлоқи нек, садоқат ва масъулиятшиносиро бар фарзанд меомӯзонад. Аз хурдсолӣ кӯдакро ба ҷанбаъҳои ахлоқӣ, оин ростӣ, кори нек ва эҳтиром омӯзиш дода, ӯро барои оянда омода месозад. Фарзандро бо фикру андешаи солим ва ғояҳои олӣ ба воя мерасонад ва барои ҷамъият ҳадя мекунад, ки ин беҳтарин хидмати модар мебошад. Сарвари хирадманди кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин масъала чунин ибрози назар намудаанд: “Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад”.
Воқеан нақши модар дар зиндагӣ бениҳоят бузург мебошад. Тамоми бузургони олам дар тасвири модар, ситоиши ин малиқаи зебогӣ ва меҳр ҳикматҳо офаридаанд. Лоиқ Шералӣ аз бузургтарин шоирони адабиёти муосири тоҷик, дар васиф модар беҳтарин осори хешро бахшидааст.
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.
Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.
Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.
Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар….
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.
Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар.
Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.
Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.
Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.
Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.
Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.
Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.
То як шаванд халқон дар зери чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар.
Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?
Дар ҳақиқат бе модар ин дунё ба як ҷав арзиш надорад, зеро аввали охири дунё, ҳастии мо бо вуҷуди модар зебосту побарҷо. Дунё бақо надорад, бе меҳру садои модар!
Дар хонавода модар на танҳо устура, балки дӯст ва маслиҳатгар аст. Ӯ низоъҳоро ҳал мекунад, муноқишаҳои беасосро хотима мебахшад, сулҳу дӯстӣ ва рафоқатро тарғиб менамояд ва ҳар як аъзои оиларо бо муҳаббат бо ҳам наздик мекунад, дарси инсоният медиҳад. Дар кишвари мо, ки оила муҳимтарин арзиш ба ҳисоб меравад, модар кафили устувории оила дониста мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки Модар беҳтарин мавҷуди ҳастӣ мебошад. Модар як муъҷиза ва як ҳадяи Офаридгор баҳри инсоният мебошад. Арҷ гузоштан бар модар, эҳтироми ӯро ба ҷо овардан аз фазилатҳои беҳтарин инсонӣ буда, иҷрои қарзи инсонӣ ва рисолати бузург мебошад. Зиёрати модар бузургтарин фазилату амали нек ва иқдом дониста мешавад, зеро модар каъбаи умед ва фариштаи меҳру бақост! Ҳар як фарзанд бояд ба қадри заҳмати модар бирасад ва ҳамчун инсон ба ин арзиши бузург-Модар эҳтиром бигузорад.
Дар фарҷом ҳаминро илова карданӣ ҳастам, ки модарон беҳтарин датовард, беҳтарин муъҷиза ва беҳтарин фаришта дар замин ҳастанд, ки бояд ба қадрашон расид ва поси заҳматҳои шабонарӯзияшон эҳтиромашона мардона ба ҷо овард. Модар нодиртарин ва нотакрору беназир дар ҳаёти мо мебошад.
Ҷашн муборак модарони азиз!
МИРЗОЗОДА ВОҲИДҶОН
муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДКМТ
